Даромади "Тоҷикматлубот" 13,5 миллион сомонӣ зиёд шудааст

Урожай на ферме Холмамат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Обуна шудан
Дар ин бора масъулини ҷамъият хабар доданд
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Даромади ҷамъияти "Тоҷикматлубот" бештар аз 27 дар сад афзудааст. Дар ин бора муовини раиси муассиса Хуршед Раҳмонализода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
"Ҳамчунин зикр гардид, ки даромади умумии ҷамъият ба 56,2 млн сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 13,5 млн сомонӣ зиёд мебошад", - таъкид кард вай.
Сельскохозяйственная ярмарка в Ялте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2021
Гароншавии сабзӣ: шарҳи роҳбари бозор ва деҳқон
Ба иттилои ҷаноби Раҳмонализода, феълан "Тоҷикматлубот" захираи маҳсулот барои зимистони соли 2021-2022-ро идома медиҳад.
"Барои зимистони солҳои 2020-2021 пиёз ба миқдори 1315 тонна, картошка 785 тонна ва сабзӣ 146 тонна захира гардида буд. Айни замон барои зимистони солҳои 2021-2022 дар анбор ва сардхонаҳо корҳои омодакунӣ ҷараён дорад", - таъкид кард вай.
"Тоҷикматлубот" аз нимаи моҳи сентябри соли равон то охири моҳи моҳи ноябр захираи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал анҷом дода медиҳад.
Урожай на ферме Холмамат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Қазоқистон ба Тоҷикистон сабзӣ содир карданист
Хуршед раҳмонализода афзуд, феълан ҷамъият бо истифода аз мошинҳои сайёр ярмаркаҳо ташкил мекунад.
"Дар соҳаи кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияҳои Фирдавсии шаҳри Душанбе, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфара 52 адад анбор ва 3 адад сардхонаҳо фаъолият менамоянд",-зикр намуд муовини раис.
Лентаи хабарҳо
0