Бонки миллӣ: сиёсати қурбиро нигоҳ дошта тавонистем

© Sputnik / Амир ИсаевНациональный банк Таджикистана
Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Обуна шудан
Арзиши расмии сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ танҳо 0,2 фоиз коҳиш ёфт ааст
ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Ҳаким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки бонк соли равон тавонист, сиёсати қурбиро нигоҳ кардааст.
"Новобаста аз таъсири пандемияи СOVID -19 ва дигар омилҳои тағйирёбанда Бонки миллии Тоҷикистон тавонист сиёсати қурбии худро нигоҳ дорад", - изҳор дошт вай.
Ба гуфтаи Холиқзода, сиёсати самараноки қурбӣ дар реҷаи шинокунандаи танзимшаванда имкон фароҳам овард, ки дар ин давра қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ муътадил нигоҳ дошта шавад.
Глава Нацбанка Таджикистана Хоким Холикзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Афзоиши рекордии содирот дар Тоҷикистон: шарҳи Бонки миллӣ
"Арзиши пули миллӣ дар ин давра муътадил арзёбӣ гардида, қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ танҳо 0,2 фоиз коҳиш ёфт (аз 11 3000 то ба 11 3210). Нишондиҳандаи мазкур дар қиёс ба соли гузашта 6,2 банди фоизӣ кам мебошад", - таъкид кард вай.
Ба қавли раиси бонк, БМТ дар шашмоҳаи якуми соли равон татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва асъориро баҳри мусоидат ба рушди иқтисодиёт, устувории низоми бонкӣ ва нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ равона намуд.
Лентаи хабарҳо
0