Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Чин намехоҳад СҶБ дар таҳқиқи пайдоиши COVID - 19 даст дошта бошад

© Sputnik / Владимир ПесняМедицинская лаборатория, архивное фото
Медицинская лаборатория, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Муовини раиси Кумитаи давлатии тандурустии Чин гуфт, ки мухолифи сиёсисозии таҳқиқи пайдоиши вируси корона аст
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Чин нақшаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СҶБ) -ро оид ба тафтиши пайдоиши COVID - 19, рад кард, менависад РИА Новости.
Тсзенг Йиксин, муовини раиси Кумитаи давлатии тандурустӣ гуфт, Чин матни санади СҶБ -ро дар бораи коронавирус беэҳтиромӣ нисбат ба илм мешуморад.
Сухан дар бораи марҳилаи дуюми таҳқиқи пайдоиши COVID-19 меравад. Ба гуфти сухангӯи ин ниҳод, Пекин, ин тарҳро пайгирӣ нахоҳад кард.
"Ҳукумати Чин таҳқиқоти илмиро дастгирӣ мекунад. Мо мухолифи сиёсисозии тафтишоти пайдоиши вирус ҳастем", - гуфт ӯ.
Йиксин таъкид кард, ки марҳилаи дуюми тафтишот бояд ба хулосаҳои таҳқиқи аввал асос ёбад.
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Ҳақиқат куҷост: олими рус тафсилоти ғайричашмдошти пайдоиши COVID - 19 - ро гуфт
Аз оғози пайдоиши COVID-19 дар Вуҳан, версияҳое пайдо шуданд, ки гӯиё вируси корона дар озмоишгоҳ таҳия шудааст.
Коршиносони СҶБ моҳи март ба ин музофот омада, баъдан ҳисобот нашр карданд.
Дар он олимон версияи аз озмоишгоҳ паҳн шудани вируси коронаро "номумкин" номиданд.
Дар ин санад гуфта мешавад, ки коронавирус мумкин аст аз кӯршапаракҳо тавассути ҳайвони дигар инсонро сироят кунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала