Чаро даргузашти чеҳраҳои намоёнро дар ТВ намегӯед? шарҳи Нуриддин Саид

© © Sputnik / Амир ИсаевНуриддин Саид, министр образования и науки Таджикистана
Нуриддин Саид, министр образования и науки Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, таъкид дошт, ки ҳеҷ дастуре барои хабар надодан аз даргузашти чеҳраҳои намоён аз асти коронавирусро ироа накардааст
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Нуриддин Саид ба интиқодҳо дар мавриди нашр нашудани хабарҳо дар бораи даргузашти шахсиятҳои маъруфи илмиву фарҳангӣ посух дод.
Вай ба суоли рӯзноманигорон посух дод, ки ҳеч касе дар телевизионҳо нашри хабари марг ё некрологҳоро манъ накардааст.
“Ягон фармон дар хусуси манъ кардани таҷлили ҷашнвораи бузургон ва нобиғаҳои миллатон мо ба имзо нарасондаем ва ман намедонаим ин маълумот аз куҷост”, - гуфт Нуриддин Саид.
Вай ҳамзамон зикр кард, ки дирӯз яке аз шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон дар давоме беш аз як соат дар бораи Урбатуллоҳ Тоиров, муаллим профессор, мутахасиси соҳаи аруз, маълумот доданд. Он кас зинда ҳаёт ва умрашон бардавом бод.
Раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон Идигул Қосимзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Коронавирус: даргузашти Идигул Қосимзода, вакили Парлумон ва собиқ раиси занон
Вай афзуд, ки рӯзномаи “Ҷаҳони пайём” дар бораи марги чеҳраҳои намоён сугворӣ нашр мекунад.
"Мо дар бораи бузургони гузаштаи худ ҳамеша барномаҳои васеъ омода мекунем. Магар шумо барномаҳои мо дар бораи Камоли Хуҷандӣ, Лоиқ Шералӣ, Мирзо Турсунзода ва бузургони дигарро тамошо накардед? Мо мухолифи барномаҳо дар бораи бузургон нестем, мо мухолифи барномаҳо дар бораи дурӯғбузургон ҳастем", илова кард раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон
Нуриддин Саид илова кард, ки ҳаррӯза инқадар ҷашнвораҳо, ки таҷлил мешаванд, тавасути шабакаҳои телевизиюн намоиш дода мешаванд ва пахши даргузашти шахсони бузургро касе манъ накадааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала