Давлатзода: ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Душанбе номаълум аст

© © Sputnik / Амир ИсаевНовая мечеть в Душанбе
Новая мечеть в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Обуна шудан
Кумитаи дин мегӯяд, чун ин лоиҳаи муштарак аст, аз ин рӯ бидуни сафари намояндагони Қатар, ифтитоҳи масҷид ғайриимкон аст
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Давлатзода Сулаймон, раиси Кумитаи дин зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, санаи бозшавии бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ, ки бо сармояи Қатар дар шаҳри Душанбе сохта шудааст, маълум нест.
Вай афзуд, ки тибқи санадҳои ба имзорасида, давлати Қатар сармоягузори асосӣ дар сохтмони ин масҷид ба ҳисоб меравад ва дар сурати сафари ҷониби Қатар ба Душанбе, масҷид ҳатман боз мешавад.
"Ин лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Қатар аст, аз ин рӯ бидуни сафари намояндагони ин кишвар ифтитоҳи масҷид ғайриимкон аст", - шарҳ дод Давлатзода.
Ёдрас мешавем, ки ба далели паҳншавии бемории короновирус, сафари амири Қатар ба Тоҷикистон ба таъхир афтод. Ҳамин тариқ ифтитоҳи Масҷиди нави ҷомеи марказии шаҳри Душанбе низ ба таъхир гузошта шуд.
Масҷиди бузурги ҷомеи Душанбе яке аз бузургтарин масҷидҳои кишвару минтақа мебошад, ки ҳудуди 100 ҳазор нафарро дар як вақт ҷой медиҳад.
Ин масҷид дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат аст.
Масоҳати зери бинои масҷид, 3 гектарро ташкил дода, санги асоси онро Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310 - солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби ҳанафӣ гузошта буд.
Лентаи хабарҳо
0