Динситезон: чаро лаҷоми "фейк"-ҳои баддаҳонро дар Facebook касе намекашад

CC0 / Pixabay / Девушка работает за компьютером
Девушка работает за компьютером - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Кумитаи дин мегӯяд, тибқи Конститутсияи Тоҷикистон кафолати озодии динӣ ба ҳар як шаҳрванд дода шудааст
ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Рӯзноманигорон зимни нишасти матбуотӣ аз раиси Кумитаи дин ва танзими анъана Сулаймон Давлатзода назари ӯро дар мавриди динситезӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пурсон шуданд.
Ба гуфтаи рӯзноманигорон, зоҳиран дар интернет як гурӯҳ ба навиштани шарҳҳои қабеҳ зери ин ё он пост ва таҳқири ҳамдигар, аз ҷумла ба атеистӣ ва ё ифротӣ муттаҳам кардани дигар корбарон машғул мешаванд.
Онҳо изҳори нигаронӣ намуданд, ки ин падида аз ҷониби мақомоте танзим намешавад ва он метавонад боиси тафриқаандозӣ байни корбарон шавад.
Ҷаноби Давлатзода дар посух ба намояндагони расонаҳо гуфт, истифодаи интернет ва муошират дар он аз фарҳанги худи истифодабаранда вобаст аст.
Социальная сеть Фейсбук, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2018
Дод аз дасти "фейк"-ҳо: шикояти овозхони тоҷик ба Кумитаи амният алайҳи иғвои корбарон
"Гуногунандешӣ дар ҳар давру замон буду ҳаст ва мемонад. Аммо мушкилӣ дар он аст, ки гуногунандешон ба таҳаммули якдигар қодир нестанд. Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебинем, ки онҳо ҳамдигарро рӯирост таҳқир мекунанд, ин аз фарҳанги худашон сарчашма мегирад", - таъкид вард вай.

Раиси кумита таъкид кард, ки фаъолияти ниҳоди зертобеаш ба он равона шудааст, ки пеши роҳи кинаву адоват байни намояндагони динҳои гуногун дар Тоҷикистон гирифта шавад.

"Кумитаи дин ҳамчун мақоми ваколатдор ҳамаи имкониятҳоро истифода мебарад, ки пеши роҳи кинаву бадбинӣ дар доираи ақидаи динӣ дар байни ҷомеа гирифта шавад. Тибқи Конститутсияи Тоҷикитсон кафолати озодии динӣ ба ҳар як шаҳрванд дода шудааст" , - таъкид кард Давлатзода.
Аммо, ӯ таъкид кард, идораи олами маҷозӣ (шабакаҳои иҷтимоӣ - шарҳ аз идора) ғайриимкон аст "шояд он корбароне, ки динситезӣ мекунанд берун аз хориҷ бошанд".
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала