Ҳамдардии Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон

© Flickr \ Сайт президента РТПрезидент России Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент России Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Обуна шудан
Президенти Русия Владмиир Путин ба кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори таслият кард
ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Президенти Русия дар иртибот ба даргузашти хоҳари кишвардори Тоҷикистон Қурбонбӣ Раҳмонова изҳори тасаллии амиқ кард, хабар медиҳад котиботи президенти Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки Владимир Путин тариқи суҳбати телефонӣ бо Эмомалӣ Раҳмон ҳамдардии худро дар робита бо даргузашти хоҳараш изҳор намудааст.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Андӯҳи гарон: ҳамдардии мақомдорони вилояти Суғд бо Эмомалӣ Раҳмон
Ногуфта намонад, ки дар баробари Владимир Путин сарони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз қабили президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, кишвардори Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, собиқ раҳбари Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо Эмомалӣ Раҳмон изҳори ҳамдардӣ карданд.
Қурбонбӣ Раҳмонова рӯзи 20-уми июл рӯзи Иди Қурбон дар синни 64 – солагӣ даргузашт.
Президент Эмомали Рахмон и глава Хатлонской области Курбон Хакимзода в усыпальнице Султана Увайса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Самимӣ, беозор, намунаи ибрат: ёди мақомдорон аз некиҳои Қурбонбӣ, хоҳари Президент
Сабабҳои марг зикр нашудаанд, аммо бар асоси гузоришҳо, иллати марг коронавирус мебошад.
Қурбонбӣ Раҳмонова, ҳамсари Холмӯъмин Сафаров, собиқи раиси корхонаи давлатии "Хоҷагии ҷангал ва шикор" мебошад, ки соли 2012 дар шаҳри Душанбе кушта шуд.
Лентаи хабарҳо
0