Хоҷазода: ҳамагӣ ҳафт километри марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон аломатгузорӣ нашудааст

© VYACHESLAV OSELEDKOТаджикские пограничники патрулируют границу
Таджикские пограничники патрулируют границу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин таъкид доштааст, ки аломатгузории марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон тақрибан ба поён расидааст
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Ориф Хоҷазода, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки, Тоҷикистону Ӯзбекистон 1326 километр марз доранд ва аз он 1319 километраш пурра муайян шудааст.
Ба гуфтаи вай хатти марзи боқимонда, қисматҳое дорад, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бо ҳам мепайвандад.
“Нисбат ба ин масъала аз 1 то 3-уми май дар Фарғона вохӯрӣ гузашт. Се кишвар пешниҳодҳои худро барои омӯзиш пешниҳод карданд. Барои ҳамин, агар ин нуқтаҳо муайян шаванд, ба пуррагӣ хатти сарҳад бо Ӯзбекистон муайян хоҳад шуд”, - таъкид дошт Кумитаи идораи замини Тоҷикистон.
Ориф Хоҷазода, ҳамчунин гуфт, ки дар минтақаи обанбори “Фарҳод” як минтақаи хурде боқӣ мондааст, ки делимитатсия нашудааст.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев на Международной выставке садоводства в Пекине ЭКСПО-2019 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
Аз масъалаи марз то имзои 30 созишнома: Ӯзбекистон ҷузъиёти сафари Мирзиёевро ифшо кард
“Нисбат ба истифодабарӣ обанбори “Фарҳод” байни ду давлат шартнома вуҷуд дорад ва ягон баҳс дар миён нест”, - гуфт вай.
Ӯзбекистон баъд аз ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёв ва сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018, равобит миёни ду кишвар беҳбуд шуд ва дар масъалаи аломатгузории марз низ ба созиш расиданд.
Аз ҷумла, бар асоси ин созиш ду кишвари ҳамсоя аҳд карданд, обанбори “Фарҳод”-ро барои як муддати тӯлонӣ якҷоя истифода баранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала