"Ин гӯсолая падараш кӣ ҳасту модараш кӣ": интиқоди Нуриддин Саид аз забондонии журналистон

© © Sputnik / Амир ИсаевНуриддин Саид, министр образования и науки Таджикистана
Нуриддин Саид, министр образования и науки Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Раиси Кумитаи телевизион ва радио, Нуриддин Саид аз сатҳи забондонии рӯзноманигорони тоҷик интиқод кард
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радио дар нишасти хабарӣ ба суоли Sputnik Тоҷикистон дар бораи сатҳи забони тоҷикӣ дар телевизионҳои давлатию хусусӣ посух дод.

Чаро мо забони дарию форсиро мефаҳмем, вале мардуми Афғонистону Эрон моро дарк намекунанд?

Нуриддин Саид дар посух ба ин суол гуфт, забони форсӣ ва дарии имрӯза зери таъсири забонҳои хориҷӣ ба куллӣ дигаргун шудааст, вале забони тоҷикӣ дар шакли классикиаш покиза ва беолоиш боқӣ мондааст.

"Ташаккур ба ин миллати азизамон, ки ин забонро ҳифз карданд. Мо ба ҳамон забоне ҳарф мезанем, ки Ҷалолиддини Балхӣ, Одам-уш-шуаро, Фирдавсӣ ва Бедилу Хоҷа Ҳофиз гуфтаанд", - изҳор дошт ӯ.

Ба гуфти Нуриддин Саид барои ҳамин мардуми Афғонистону Эрон моро дарк намекунанд.
Сабаби дигари ин мушкилотро раиси Кумита, қарорҳои носозгори раҳбарияти даврони Шӯравӣ дар солҳои 30 -40 ум медонад.

"Онҳо ба иштибоҳҳои бузург роҳ доданд, хостанд, ки забонро содда ва мардумӣ кунанд. Дар натиҷа забон бузургтарин вазифаҳояш - коргузорӣ, илмӣ ва адабиро аз даст дод", - бовар дорад Нуриддин Саид.

Ба гуфти ӯ аз соли 70 - ум инҷониб олимони тоҷик кӯшиш доранд, мардумро забондон кунанд.
Министр образования Таджикистана Нуриддин Саид  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Есенин орзу мекард, забони моро ёд гирад: Нуриддини Саид дар бораи лаҳҷа дар ТВ
Раиси Кумитаи телевизион ва радио аз сатҳи забондонии рӯзномагирон интиқод карда гуфт, дар воқеъ ҳастанд журналистоне, ки фонди луғавиаш коста аст ва бештар дар талаффузи номҳо ғалат мекунанд.

"Ин аз он дарак медиҳад, ки китоби бадеӣ кам хондааст, шояд журналисти хуб бошад, аммо забондон нест", - гуфт раис.

Ӯ гуфт, аксари рӯзноманигорони иштибоҳкор хатмкунандагони макотиби таҳсилоташ ба забони русӣ ҳастанд, ки қоидаҳои забони русиро дар гуфтугӯ ба забони тоҷикӣ ҷорӣ мекунанд ва барои ҳамин ба иштибоҳ роҳ медиҳанд.

"Дар омади гап: Ҳоло муайян кардан даркор ки, ин гӯлосая падараш кӣ ҳасту модараш кӣ ҳаст", - мисол овард Нуриддин Саид.

Ӯ гуфт, Академияи воитаҳои ахбори омма маҳз барои рафъ кардани чунин мушкилот созмон дода шудааст.
Бино ба гузориши Нуриддин Саид дар ин даргоҳ бо ҷалби олимону доктору профессорҳо барои чунин рӯзноманигорон курсҳои забономӯзӣ баргузор мешаванд.
"Мо болои ин кор мекунем. Колективи меҳнатии телевизиону радио мардуми донишманд ва хушсалиқаю гӯянда ҳастанд вале аҳён аҳён ба сабаби бетаҷрибагӣ чунин мушкилот мешавад, мо боварӣ дорем, ки ин камбудиҳо рафъ мешаванд", - хулоса кард, Нуриддин Саид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала