Дар Тоҷикистон дари чанд масоҷид баста шуд? посухи Кумитаи дин

© © Sputnik / Амир ИсаевПраздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе
Праздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Дар Тоҷикистон масоҷид танҳо бо қарори суд ва маҷлиси муттаҳидони динӣ баста мешавад
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми 6 моҳи ахир дари ягон масоҷид баста нашудааст. Дар ин бора раиси Кумитаи дин зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон изҳор дошт.
Ӯ гуфт, дар давоми 6 моҳи соли 2021, ба Кумита ягон ҳуҷҷат дар мавриди баста шудани масоҷид ворид нагардидааст.
Сулаймон Давлатзода шарҳ дод, ки дар Тоҷикистон масҷидҳо ё бо қарори суд масдуд мешаванд ва ё маҷлиси муттаҳидони динӣ ба хулоса меоянд. ки фаъолияти ин ё он масҷид минбаъд лозим нест ва дар ин сурат дари масоҷид баста мешавад.
Ёдовар мешавем, ки замони пандемия ҳукумати Тоҷикистон ба хотири таъминияти бехатарии шаҳрвандон дари масоҷидро барои чанд муддат масдуд кард.
Қароргоҳи боғи-тиҷоратии Румянтсево - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2021
Гузориши ВУД аз насби камераҳо дар масҷид, бозор, боғ, донишгоҳ: видеои мудҳиш аз Душанбе
Аммо чанд сол пеш, замоне. ки маризии коронавирус мавҷуд набуд, масъалаи баста шудани дари масҷидҳо дар Тоҷикистон ниҳоят доғ буд.
Ҳанӯз се сол қабл ниҳодҳои Тоҷикистон 1938 масҷиду намозгоҳро ба иллати надоштани санади расмӣ ва ҳамчунин ҷавобгӯ набудан ба талабот ва риоя нашудани меъёрҳои беҳдоштӣ баста шуданд.
Он замон Давлатзода изҳор дошт, ки аксари масҷидҳое, ки баста шуданд бе маҷаввиз сохта шуда ва бе санади расмӣ фаъолият доштанд.
Масҷидҳои бастаро ба фарҳангсаро, чойхона, дармонгоҳ ва ё кӯдакистон мубаддал намуданд.
Ҳоло бошад, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ гуфт, дар ҷумҳурӣ 49 масҷиди ҷомеи марказӣ, 327 масҷиди ҷомеъ, 3 612 масҷиди панҷвақта, 1 Маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона ба қайд гирифта шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала