Покистон тафтиши парвандаи дуздии духтари сафири афғонро ба анҷом мерасонад

© © Sputnik / Табылды КадырбековДевушка закрывает лицо руками
Девушка закрывает лицо руками - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Кишвар ваъда додааст, ки натиҷаи тафтишотро ба мақомоти Афғонистон пешниҳод мекунад
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ хабар додааст, ки кишвар тафтишоти парвандаи духтари сафири Афғонистон Силсила Алихийлро ба зудӣ ба анҷом мерасонад.
Дар ин бора Sputnik Афғонистон хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, Қурайшӣ афзудааст, ки натиҷаи тафтишотро Исломобод ба Кобул ироа хоҳад кард.
"Раванди таҳқиқот ба зудӣ ба поён хоҳад расид ва гузориши марбута низ бо давлати Афғонистон пешниҳод хоҳад шуд", - гуфтааст вай.
Члены террористического движения Талибан в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Коршинос: Толибон на ватандӯстони "аморат", балки зархаридони Покистонанд
Дар ҳамин ҳол вазир таъкид кардааст, ки кишвараш хостори сулҳ дар Афғонистон аст, "аммо мақомоти афғон низ бояд дар ин арса кӯшиш кунанд".
"Раванди сулҳи Афғонистон вориди як марҳилаи ҷадид шудааст", - афзудааст вай.
Силсила Алихийл, духтари сафири Афғонистон дар Покистон ҷумъаи гузашта рабуда шуд ва чанд соат дар банди рабояндагон монд. Аз шиканҷа шудани вай дар ҷараёни ин рӯйдод ҳам хабар дода шудааст.
Ҳукумати Афғонистон дар вокуниш баҳодисаи мазкур якшабеи гузашта сафир ва дипломатҳочшро аз Исломобод ба Кобул фаро хонд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала