Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, мушкили Афғонистон бо роҳи низомӣ ҳал намешавад

© Пресс-служба президента ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон ишора кард, ки Тоҷикистон ба умури дохилии Афғонистон дахолат нахоҳад кард
ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки мушкилоти Афғонистон ҳалли низомӣ надорад ва роҳи баромадан аз вазъи кунунии низоъиро бояд ба таври осоишта ҷуст, хабар додааст, хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Раҳмон бо чунин изҳорот ба хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, ки субҳи барвақт барои санҷиши омодагии ҷангии қисмҳои ҳарбӣ бархоста буданд, сухан ронд.
"Вазъ дар кишвари ҳамсоя - Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, бахусус дар минтақаҳои шимолии ҳаммарз бо кишвари мо ҳамчунон ниҳоят душвор ва номуайян боқӣ мемонад, вазъ рӯз ба рӯз ва ҳатто соат ба соат мураккабтар мешавад", - таъкид кард сарвари давлат.
Президент қайд кард, ки вақти он расидааст, ки сиёсатмадорони кишвари ҳамсоя, пешвоёни ҳама ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, зиёиён муттаҳид шуда, давлат ва миллатро аз бесуботӣ ва парокандагӣ наҷот диҳанд, зеро мардуми Афғонистон гунаҳгор нестанд барои чунин рӯйдодҳои фоҷиабор.
"Ин равандҳои харобиовар натиҷаи дахолати беруна ба корҳои дохилии кишвари ҳамсоя мебошанд, ки беш аз чиҳил сол боз идома дорад", - гуфт Раҳмон.
Ғайр аз он, сарвари ҷумҳурӣ гуфт, ки бо назардошти таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ, ки мардуми Тоҷикистон дар ибтидои солҳои 90 аз сар гузаронидааст, "мо ҳеҷ гоҳ ба корҳои дохилии ҳамсоягон дахолат намекунем".
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Президент: Тоҷикистон артишашро ҳаргиз зидди ҳамсояҳо истифода намебарад
Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, вазъи афғонистон бо роҳи низомӣ ҳал нахоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки чунин сафарбаркунии қисмҳои низомӣ, ки дар он Сарфармондеҳи Олии Тоҷикистон суханронӣ кард, бори аввал дар таърихи истиқлолият ба вуқӯъ пайваст.
Дар тамоми қаламрави кишвар бо садои бонги хатар соати чори субҳ 100 ҳазор афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва 130 ҳазор афсарону сарбозони захираи сафарбаркунӣ ҷамъ омада буданд.
Лентаи хабарҳо
0