Президент: Тоҷикистон артишашро ҳаргиз зидди ҳамсояҳо истифода намебарад

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи худро ҳаргиз бар зидди кишварҳои ҳамсоя истифода намебарад.
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро зимни суханронӣ дар ҳузури низомиёни кишвар субҳи имрӯз дар Душанбе изҳор дошт, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.
"Қотеона иброз медорем, ки мо Қувваҳои Мусаллаҳи худро ҳаргиз бар зидди кишварҳои ҳамсоя истифода намебарем", — таъкид доштанд Пешвои миллат.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки мо баръакс, мо ҳамеша ҷонибдори он ҳастем, ки дар кишварҳои ҳамҷаворамон сулҳу субот ҳукмфармо бошад ва мо бо онҳо дар фазои оромиву субот ва дӯстиву ҳамкорӣ зиндагӣ кунем", — таъкид доштанд Пешвои миллат.
Раисиҷумҳур изҳор дошт, ки Афғонистон ҳамсояи наздиктарин, кишвари дӯст, ҳамзабон, ҳамдин ва ҳамфарҳанги мо мебошад ва бинобар ин, мо ба сарнавишти мардуми он бетафовут нестем ва таъкид кард, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад.
Эмомали Рахмон посетил приграничный район  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
“Президент дар паҳлӯятон”: Раҳмон гуфт, ҷанг карданӣ нест, аммо эҳтиёт бояд кард - видео
Ба Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, мушкилоти ин кишвар бояд бо роҳҳои мусолиматомез ва осоишта ҳаллу фасл карда шавад.
Мардуми Афғонистонбояд тақдири имрӯзу ояндаашонро ба дасти худ гиранд, таъкид кардаст президент.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала