Дар Русия наздик ба 2,5 миллион муҳоҷир бидуни шартномаи меҳнатӣ кор мекунад

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузаштан ба хазинаи аксВалерий Фадеев на пресс-конференции в Международном мультимедийном пресс-центре МИА "Россия сегодня" (12 марта 2019). Москвa
Валерий Фадеев на пресс-конференции в Международном мультимедийном пресс-центре МИА Россия сегодня (12 марта 2019). Москвa - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Роҳбари Шӯрои назди президенти Русия оид ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон эълон намудааст, ки дар қаламрави Русия наздик ба 2,5 миллион муҳоҷири меҳнатӣ бидуни қарордоди меҳнатӣ фаъолият мекунанд
ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Валерий Фадеев, роҳбари Шӯрои назди президенти Русия оид ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон, дар як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Маскав гуфт, ки тақрибан 2,5 миллион муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия бидуни созишномаи меҳнатӣ бо корфармоён кор мекунанд, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС.
"Ба гуфтаи коршиносон, 2,5 миллион муҳоҷир бо корфармоён ҳеҷ гуна санади шартномавӣ надоранд. Онҳо ҳуқуқ надоранд. Ин раванд ба кори бозори меҳнат халал ворид мекунад", - гуфт Фадеев.
Ба гуфтаи ӯ, вазъи кунунӣ пеш аз ҳама ба шаҳрвандони Русия зарба мезанад.
"Муҳоҷирони беҳуқуқ музди ночиз мегиранду аз имтиёзҳои иҷтимоӣ бархурдор нестанд ва ғайра. Мо ҳуқуқи муҳоҷиронро ҳимоя мекунем ва хоҳем кард", - таъкид дошт ӯ.
Посол Республики Таджикистан в РФ Имомуддин Сатторов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2021
Умедвории Сатторов аз тамдид шудани мӯҳлати "афви муҳоҷират" дар Русия
Фадеев инчунин, аз муҳоҷирони меҳнатӣ талаб кард, ки ба задухӯрдҳои гурӯҳи миёни якдигар хотима бахшанд.
"Занозаниҳои гурӯҳӣ - ин чист? Ба мо авбошони худамон кофист, ба мо авбошони муҳоҷир лозим нестанд. Дар ин ҷо мо бояд сахтгирона рафтор кунем: ҳамаи авбошон, ба марз ва ба Ватани худ фиристода мешаванд. Мо бояд тавозун дошта бошем. Мо аз ҳуқуқи одамони ҳалолкор дифоъ мекунем, ҳуқуқҳои онҳо бояд ба монанди шаҳрвандони Русия бошанд. Вале агар қоидаро вайрон каунад, мебахшед, ӯ ба лозим нест", - гуфт Фадеев.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала