Тоҷикистон 4 ҳазор ҷавонеро, ки дар хориҷ таълими динӣ мегирифтанд, баргардонд

Глава Комитета по религии, регулированию национальных традиций, торжеств и обрядов Сулаймон Давлатзода
Глава Комитета по религии, регулированию национальных традиций, торжеств и обрядов Сулаймон Давлатзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Обуна шудан
Феълан то 100 нафари дигар дар хориҷи кишвар боқӣ мондаанд, вале Ҳукумати Тоҷикистон бо онҳо пайваста дар иртибот аст ва кӯшиш мекунад, ки онҳоро низ ба ватан интиқол диҳад
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Наздики 4 ҳазор нафар, ки ғайриқонунӣ дар муассисаҳои таҳсилоти мазҳабии хориҷа таълим мегирифтанд, ба ватан оварда шуданд.
Дар ин бора раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Сулаймон Давлатзода дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, феълан Ҳукумати Тоҷикистон 3916 нафарро аз хориҷи кишвар ба ватан баргардондааст.

"То 100 нафари дигар дар хориҷа боқӣ мондаанд ва барои бозпас овардани онҳо чораҷӯӣ идома дорад", - изҳор дошт Давлатзода.

Раиси Кумитаи дин тавзеҳ дод, ки чаро ин қадар ҷавонони зиёд берун аз давлат дар муассисаҳои таҳсилоти мазҳабӣ таълим гирифтаанд.
Ба боварии ӯ, ин кор замоне сурат гирифт, ки дар кишвар нооромӣ ҳукмфармо буд.
"Ва ҳар нафар ба ҳар роҳу василае, ки пайдо мекард ба хориҷи кишвар мерафт", - илова намуд раиси Кумитаи дин.
Праздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Дар Тоҷикистон дари чанд масоҷид баста шуд? посухи Кумитаи дин
Зимнан, Давлатзода зикр намуд, ҳоло бо ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, пайваста дар иртибот ҳастанд ва корҳо дар самти фароҳам овардани шароит барои баргардондани онҳо ба Тоҷикистон идома дорад.
Ӯ гуфт, кӯшиш мекунанд ин ҷавононро ё дар Тоҷикистон ба таълим фаро гиранд ва ё барои онҳо ҷойи кори мувофиқро муҳайё созанд.
Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи исломии Тоҷикистон дар кишвар ягона муассисаи таҳсилотӣ олист, ки дар он метавон маълумоти динӣ гирифт. Пешатр дар вилояти Суғд ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти исломиро бо ҷурми ҷавобгӯ набудан ба талаботҳои барномаи таълимӣ маҳкам карданд.
Лентаи хабарҳо
0