Тоҷикистон ва Русия дар бораи нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба мувофиқа расиданд

© Sputnik / Рамиль СитдиковТрудовые мигранты
Трудовые мигранты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Обуна шудан
Ин созишнома ҳаҷми нафақаеро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бояд бигиранд, танзим мекунад.
ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳама ҷанбаҳои лоиҳаи созишнома оид ба ҳалли масъалаҳои нафақа барои муҳоҷирони меҳнатӣ ба мувофиқа расиданд, гуфт роҳбари Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода.
Ба гуфтаи вай, тамоми ҷанбаҳои баҳсбарангези лоиҳаи созишномаи байни кишварҳо дар соҳаи нафақа ҳангоми видеоконфронси корӣ ҳалли худро ёфтанд.
"Лоиҳа бо мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷӣ барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод шудааст", - гуфт Давлатзода.
Ин созишнома ҳаҷми нафақаеро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия ҳастанду бояд бигиранд, танзим мекунад.
Ғайр аз он, дар ҳоли ҳозир ин ожонс бо Қирғизистон ва Ӯзбекистон барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ гуфтушунид мекунад.
Старая женщина и ребенок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Тоҷикистон "пир мешавад": шумораи нафақахӯрон дар кишвар дубора афзоиш ёфт
Кишварҳо аллакай созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи нафақаро имзо карданд.
Ба гуфтаи Давлатзода, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба он кишварҳое мераванд, ки Душанбе бо онҳо дар бораи нафақа созишнома надоранд, баъдан бинобар надоштани собиқаи кории ба қайд гирифташуда, нафақаи иҷтимоӣ мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0