Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Аз Бадахшон то Тахору Қундуз: Толибон* вазъият дар марзи Тоҷикистонро шарҳ доданд

Сухангӯи Толибон* мегӯяд, феълан назорати марз бо Тоҷикистонро пурра ба дасти худ гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Намояндаи расмии Ҷунбиши ҳаракати Толибон* Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ба РИА Новости бобати вазъият дар марзи Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Эрон суҳбат анҷом дод.
Ба гуфтаи Муҷоҳид, феълан назорати марз дар Туркманистону Эрон куллан ба дасти Толибон* Гузаштааст.
"Марзи Тоҷикистон, аниқтараш аз Бадахшон то Тахору Қундуз пурра ба тобеияти мо гузаштааст", - изҳор доштааст сухангӯи ин гурӯҳ.
Зимнан, мусоҳиби РИА Новости илова намудааст, ки дар марзи Афғонистону Ӯзбекистон Ба ҷуз аз Ҳайратону Калдор, ки ҳоло назорати онро Кобул дар даст дорад, дигар ҳама зери назорати Толибон* аст.
Бояд гуфт, ки қаблан ҳам Толибон* аз забти ҳудуди 80 дарсади қаламрави Афғонистон хабар дода буданд, вале ҳукумати Кобул исрор меварзад, ки додаҳои Толибон* ба воқеият рост намеоянд ва онҳо танҳо қисмати ками хоки ин сарзаминро зери назорати худ қарор додаанду халос.
Дар Афғонистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни Толибон*, ки қаламравҳои назаррасро дар деҳот забт карда, бар зидди шаҳрҳои калон ҳуҷум кардаанд, муқовимат идома дорад.
Боевики ИГ (террористическая организация, запрещена в РФ) и движения Талибан в полицейском отделении в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
ДИИШ* дар шимоли Афғонистон бо ҷангҷӯёнаш аз Чину Осиёи Марказӣ фаъол шудааст
Ноамнӣ дар Афғонистон дар паси ваъдаҳои маъмурияти ИМА дар бораи хуруҷи нерӯҳо аз хоки Афғонистон то 11 сентябр, афзоиш меёбад.
Соли 2020 Вашингтон ва Толибон* дар Доҳа аввалин созишномаи сулҳро дар тӯли беш аз 18 соли ҷанг имзо карданд. Он хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар 14 моҳ ва оғози муколамаи байни афғонҳоро пас аз табодули маҳбусон пешбинӣ мекунад.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала