“Раҳмат, ки ман ҳастам”: вокуниши Ҷамолиддин Нуралиев ба OCCRP

© БМТМуовини якуми раиси бонк Ҷамолиддин Нуралиев
Муовини якуми раиси бонк Ҷамолиддин Нуралиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ба иттиҳомоте, ки алайҳи ӯ аз сӯи як маркази таҳқиқоти аврупоӣ ворид шудааст, посух дод
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Мавсуф, ки дар нишасти матбуотии ниҳодаш суҳбат мекард, дар оғоз як рӯҷуи лирикӣ карда, аз суолҳо дар чунин мавориди изҳори қаноатмандӣ кард.
“Раҳмат, ки ман ҳастам. Раҳмат, ки ман ҳастаму ин гуна мақолаҳо нашр мешаванд, мардум аз ҳисоби онҳо пул мегиранд, аз ин ҳам хурсанд ҳастам. Ягон мушкил нест”, - гуфт Нуралиев.
Қаблан OCCRP (Organized Crime and Corruption Reporting Project - Тарҳи гузориши ҷароими созмонёфта ва фасод) як маркази таҳқиқотии рӯзноманигорӣ дар Аврупо Бонки миллии Тоҷикистон ва шахсан Ҷамолиддин Нуралиевро барои даст доштан ба маҷбуран ва бо нархи паст фурӯхта шудани саҳмияҳои фонди бонки “Имон Интернешнл” муттаҳам карда буд. Хулосаи таҳқиқот ин аст, ки OCRRP Ҷамолиддин Нуралиев ва Бонки миллии Тоҷикистонро ба ворид кардани фишор ба муассисони тоҷикистонии “Имон интернешл” муттаҳам дониста, гуфта буд, ки маҳз бо дахолати ин бонк саҳмияҳои фонди “Имон Интернешнл” аз дасти муассисони тоҷикистониаш гирифта шудааст.
Молоток судьи в суде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2021
Ҳабси Раҳимов барои напардохтани қарзи "Имон Интернешнл"
Ҳамчунин OCRRP Ҷамолиддин Нуралиевро барои ҳамкории номашрӯъ бо Винчензо Трани, соҳиби ширкати Mikro Kapital, ҳоло сармоягузори нави “Имон Интернешнл”, муттаҳам медонад.

Дастурамали 239

Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, дар оғоз хост худ ба мавзуъ равшанӣ андозад. Вай гуфт, тағйироте, ки дар сафи сармоягузорони нави “Имон интернешнл” ба вуҷуд омад, тибқи дастурамали 239 – и Бонки миллии “Дар бораи тартиби сармоягузории ташкилотҳои қарзӣ бо сармояи дигар ширкатҳо” ба вуқуъ пайвастааст ва бонкҳои дигар, назири “Ҳумо” ва “Арванд”-ро низ дарбар мегирад.
“Харидуфурӯши саҳмияҳои “Имон интернешнл” дар асоси асоси ин дастурамал амалӣ карда шудаанд ва ягон кас, на муовини аввал ва на дигар муовинон, на худи раиси Бонки миллии Тоҷикистон худ дастурамал қабул карда наметавонад, балки раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ин ҳақро дорад. Дастурамали 239 – ум маҳсули кори Департаменти назорати Бонки миллии Тоҷикистон аст ва муҳтарам Нуралиев ҳеҷ гоҳ раҳбари он набуд ва нест”, - гуфт раиси Бонки миллии Тоҷикистон.
Преступник за решеткой  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2020
Ҳукми зиндон ба корманди "Имон Интернешнл": ба шиносу рафиқонаш қарз додааст
Зоҳиран, мавзуъ бо ин посух пӯшида мешуд, ки Ҷамолиддин Нуралиев, худ ба тафсили мавзуъ пардохт. Вай гуфт, соли 2015 як ҳайате аз Хазинаи байнулмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ омад ва таҳлил гузаронда, фаъолияти низоми бонкии Тоҷикистонро мавриди интиқод қарор дод.
“Ин ниҳодҳои молиявӣ ҳар 5 сол чунин таҳлил мегузаронанд. Дар ин таҳлил қайд шуд, ки имрӯз ҳисаи сармоягузории на ҳама ташкилотҳои молиявӣ дар Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад. Шумо шоҳид будед, ки чӣ тур бонкҳои мо муфлис шуданд. Сабаб ин буд, ки аксари бнкҳои мо маблағҳои зиёдро барои сармоягузорӣ равона карданд. Манфиати худи бонкро як тараф, манфиати тоҷирону соҳибкоронро баландтар гузоштанд. Маблағҳои амонатӣ ба сохтмони биноҳо, мағозаҳо ва ғайра равона шуданд. Ба ҳамин хотир, бонкҳои мо муфлис шуданд. Экспертҳои ин ду мауссисаи молиявӣ гуфтанд, ки Бонки милии Тоҷикистон дар пайи 25 соли истиқлолият ягон санади меъёриву ҳуқуқӣ надорад, ки имрӯз барои ташкилотҳои қарзӣ ва молиявие, ки бо фондҳои махсус ҳисаи сармоягузории худро ба танзим медароранд, ягон намуди фишангҳо ва механизми назорат нест”, - гуфт Ҷамолиддин Нуралиев.
Вай афзуд, Бонки миллӣ бо ҷалби мушовирон дастурамали 239 - ро таҳия намуд, ки бино ба он, ташкилотҳои қарзӣ, молиявӣ, аз ҷумла фондҳо, ҳуқуқи ба шахсони вобаста ё ин ки сармоягузории бе маҳдудиятро надоранд ва мақсади асосии ташкилотҳо ироаи қарз, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум аст, на гирифтани даромад.
Национальный банк Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2020
Беш аз 22 миллиард: Нуралиев дороии ҳамаи ташкилотҳои молиявии кишварро гуфт
Фонди “Имон” моҳи марти соли 2005 аз Бонки миллӣ иҷозатнома мегирад ва соли 2007 “Имон интернешнл” – ро ҳамчун ташкилоти қарзии молияивии амонатгузорӣ ташкил мекунад ва пурра маблағи воқеъӣ неву ҳамон сандуқи қарзии фондро ба “Имон интернешнал” равона мекунад. Зиёда аз 20 миллион пешниҳод мекунад, аз ҷумла 16 миллиони он уҳдадориҳо. Ва фарқияти ҳамин 19 миллионро дар худи фонд ҳамчун сармоягузорӣ эътироф мекунад. Яъне худи фонди ташкилоти қарзии молиявии амнатгузорӣ аз ҳисоби маблағҳои пурраи воридотӣ ташкил шуда буд, сандуқи қарзӣ ҳамчун ба таври гузариш пурра аз як тавозун ба тавозуни дигар гузаронида шуда буд”, - гуфт Ҷамолиддин Нуралиев.
Вай Арвандро як бонки мувафақ ҳисобида, гуфт, ки он тавонистааст ҳатто бонки аврупоиро харидорӣ кунад.
Мақомдори Бонк афзуд, ки ин бонк бо назардошти он, ки Ҷамъияти саҳомии пӯшида буд пурра саҳмияҳои худро ба дохил пардохт кард. Имон интернешнл” аз ҳисобе, ки ҷамъияти саҳомии кушода аст ҳуқуқ надорад сармояи худро сармогузорони беруна фурӯшад.
“Дар ҳамин ҳолат саҳмгузороне, ки аз ҷониби худи “Имон интернешнл” ҷалб шуда буд пешниҳод карданд, ки ҳамин саҳмияҳоро дубора харидорӣ кунанд. Онҳо дубора саҳмияҳоро хариданд. Сухан дар бораи маблағи ҳафтрақама меравад. Яъне даромаде, ки имрӯз фонд гирифт зиёда аз ҳафтрақама аст”, гуфт оқои Нуралиев.
Муовини яккуми Бонки миллӣ зик кард, ки ин маблағҳо аз ҷониби Бонки аврупои таҷдид ва рушд ва ду сармоягузори дигар харидорӣ шуда ба худи фонди Имон равона шуданд.
Первый Зампред Нацбанка РТ Джамолиддин Нуралиев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2020
Нуралиев гуфт, кадом созмон ба Тоҷикистон чанд пул дод
Ӯ суол кард, ки мақсади асосии фонд дар чист ?
“Ҳамин маблағҳоро барои пешниҳод намудани қарзи ҷолиб барои мардум равона карданд. Мақсади асосии фонд ба даст овардани фоида нест. Ҳамин маблағҳои сармоягузорӣ ба куҷо мераванд? Ба иқтисодиёт, яъне иқтисодиёт дорои ҳамин маблағҳо мешавад”, - қайд кард Ҷамолиддин Нуралиев.
Муовини якуми Бонки миллӣ ҳамзамон қайд кард, ки ягон кас аз ҷумла роҳбарияти Бонки миллӣ ба “Имон интернешнл” фишор наовардааст.
“На муовин, на муовини якум на раис ва на ягон корманди Бонки миллӣ фишор наовардааст. Нисбати ҳамонг шахсе, ки дар бораи вохурӣ гуфтааст ин гапҳо ягон асос надорад. Умуман ман намешиносам ҳамон одам кист”, - таъкид дошт ҷаноби Нуралиев.
Инчунин мақомдори баландпояи Бонки миллӣ як нуктаи муҳимро дигарро қайд кард, ки ҳеҷ гоҳ Бонки аврупоии таҷдиди рушд ва дигар ташкилотҳои бонуфуз дар ягон транзаксияҳои шубҳаовар сармоягузорӣ намекунанд.
Вай афзуд, ин ташкилотҳо сармоягузороне буданд, ки дар давоми 15 сол ин ташкилоти қарзиро рушд доданд.
“Ин се сармоягузор бар уҳда гирифта буданд, ки зиёда аз 100 миллион доллар яъне зиёда аз 1 миллиард сомонӣ ба худи ҳамин ташкилот сармоягузорӣ кунанд. Акнун Шумо ба ман ҷавоб диҳед, ки қарори қабулшуда дуруст ҳаст ё не?, Санади меъёрӣ ба хотири он пайдо шуд, ки хуруҷи маблағ нашавад, шиддати иҷтимоӣ пайдо нашавад дар ҷумҳурӣ ва аз муфлисшавии бонкҳо пешгирӣ намоем”, - қайд кард Нуралиев.
Вай илова кард, ки дар соли 2017 аз ҷониби “Имон интернешнл” камбудиҳои зиёд ошкор гардид, ки нисбати онҳо БМТ чораҳои таъсиррасон андешид.
Джамолиддин Нуралиев, первый заместитель Председателя Национального банка Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2021
"45 кас қурби пулро муайян мекарданд": Ҷамолиддин Нуралиев дар бораи кори "валютчикҳо"
Мақомдори Бонки миллӣ, мисол овард, ки роҳбарияти пешнаи ин ташкилот маҳз барои ҳамин камбудиҳо барканор шуданд.
“Роҳбарияти пешина натавонистанд, қоидаҳои одиро рия намоянд ва натавонистанд дар сатҳи дахлдор механизмҳои идоракуниро ба роҳ монанд”, - зикр кард Ҷамолиддин Нуралиев.
Ёдрас мешавем, ки OCCRP, Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта, дар як таҳқиқот ошкор кардааст, ки чӣ тавр тавассути "Имон интернешнл" миллионҳо доллари шубҳанок аз Тоҷикистон ба хориҷ фиристода шудааст. Ин маблағҳоро ширкати "Сохтмон" бо "ҳадафи тиҷорат" ба Чин ва Ҳонг Конг равон кардааст, вале рӯзноманигорон маълум кардаанд, ин ширкат ба ягон намуди тиҷорат машғул нест. Ба навиштаи муаллифи таҳқиқот, Бонки миллиро аз интиқоли маблағҳо ба хориҷ огоҳ кардаанд, вале чора надидааст. Ҳарчанд, баъдан ин бонк ба хотири пулшӯйӣ мавриди тафтиш қарор гирифт ва барои соҳибонаш дарди сар эҷод кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала