Жириновский хостори бозпас овардани 20 миллион русҳо аз Украина ва Осиёи Марказӣ шуд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксРуководитель ЛДПР Владимир Жириновский
Руководитель ЛДПР Владимир Жириновский  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Роҳбари Ҳизби либерал - демократи Русия пешниҳод намудааст, ки 20 миллион русҳо бояд аз Осиёи Марказӣ ва Украина оварда шаванд
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Владимир Жириновский аснои сафари худ ба Владимир пешниҳод намудааст, ки русҳоро бояд аз дигар кишварҳо ба Русия овард.
Навори суханронии Жириновский дар ин минтақа дар сафҳаи Instagram- и ӯ нашр шудааст.
Сиёсатмадори рус аз ҷумла гуфтааст, ки аз Украина бояд 15 миллион ва аз кишварҳои Осиёи Марказӣ 5-6 миллион шаҳрвандро бозпас овард.

"Мо (аъзоёни ҲЛДР - таҳрири идора) сафарҳои зиёд ба минтақаҳои Русия мекунем, танҳо дар Маскав дар утоқи худ қарор намешинем. Давлати мо бузургмиқёс аст. Аз Осиёи Марказӣ 5-6 миллион ва аз Украина 15 миллион русҳоро ба ватан даъват кардан даркор", - пешниҳод намудааст Жириновский.

Ӯ қайд намуд, ки барои ба ватан баргаштан ба онҳо бояд кӯмак кард.
Қаблан, раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия дар робита ба шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон изҳор карда буд, ки бинобар зиёд шудани хавфи рахна шудани гурӯҳҳои ифротгаро ба Осиёи Марказӣ, Русия бояд ба русҳои муқими ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ки хоҳишманди баргаштанро доранд, барои кӯч бастан ба Русия кӯмак кунад.
Председатель ЛДПР Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Жириновский гуфт, ҷаҳон бояд "Толибон"* -ро эътироф кунад
Ӯ ба Вазорати умури хориҷа муроҷиат намуда, афзуд, ки ин ниҳод аз пайи тақсим кардани шиносномаҳо шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала