Беш аз 750 ҳазор тоҷикистонӣ дар хатаранд: КҲФ ҷойҳоро гуфт

© YoutubeСели мудҳиш ва пайомадҳои он дар Кӯлоб
Сели мудҳиш ва пайомадҳои он дар Кӯлоб  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷумҳурӣ 1405 минтақаи хавфнок мавҷуд аст, ки одамон он ҷо иқомат мекунанд
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Дар 1405 минтақаи хатарноки Тоҷикистон беш аз 750 ҳазор нафар иқомат доранд, хабар дод КҲФ.
Ба иттилои манбаъ, мақомоти Тоҷикистон вобаста ба имконот сокинонро аз маҳалли хатарнок ба ҷойҳои бехавф мекӯчонанд. Мақомот инчунин мушкили асосӣ дар ин самтро ном бурданд.
“Сарфи назар аз ҳушдорҳо сокинон дар минтақаҳои хавфнок хонасозиро идома дода истодаанд”, - таъкид намуданд масъулини Кумита.
Мақомдорони соҳа мегӯянд, дар вилояти Хатлон теъдоди ҷойҳои хавфнок 379 ададро ташкил медиҳад. Дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон 308 мавзеи хатарнок ҷойгир мебошад.
Село Навобод, пострадавшее от стихии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Миллионҳо: хисороти Тоҷикистон аз офатҳои табиӣ маълум шуд
Дар навоҳии минтақаи Рашт 183 ва дар навоҳии водии Ҳисор 236 ҷойи хавфноки иқоматӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Таъкид шуд, ки Комиссияи байниидоравии ҳукуматӣ фаъолият барои кӯчондани аҳолӣ аз минтақаҳои хавфдорро идома дода истодааст.
КҲФ афзуд, аз моҳи январ то июли соли равон 299 ҳолати рух додани офати табиӣ ба қайд гирифта шуд. Мақомот мегӯянд, барои бартарафсозии оқибатҳои охири табиӣ ҳудуди 9,7 миллион доларро сарф намудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала