Болоравии рублу евро ва коҳиши доллар: эълони қурби асъори хориҷӣ нисбат ба сомонӣ

Деньги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Дар бозори асъори Тоҷикистон қурби рублу евро боло рафту доллар коҳиш ёфт
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи иттилои ин ниҳод арзиши 1 рубли русӣ имрӯз 0.1530 муқаррар шудааст, дар ҳоле, ки ду рӯз пеш 1 рубл ҳамагӣ 0.1510 сомонӣ арзиш дошт.
Қурби доллар бошад, тибқи нишондоди ин ниҳод каме коҳиш ёфтааст ва ҳамакнун 1 доллари ИМА муодили 11.3225 сомонӣ мебошад, дар ҳоле, ки ду рӯз қабл арзиши он ба 11.3230 сомонӣ баробар буд.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ боло рафтааст.
Продавец в магазине считает сдачу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Тағйирот дар 20 ва 50 сомонӣ: Бонки миллӣ пулҳои нав ба муомилот мебарорад
Дар Тоҷикистон имрӯз як евро 13.3368 сомонӣ муқаррар шудааст. Ду рӯз қабл дар бозори арз арзиши як евро дар марзи 13.3317 сомонӣ қарор дошт.
Рубл ё доллар: коршинос беҳтарин асъор барои пасандоз дар 12 моҳи ояндро гуфт
Ҳамин тавр, қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3225 то 11.3400 сомонӣ;
1 евро аз 13.3368 то 13.5200 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1530 то 0.1555 сомонӣ
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала