Палтои танашро доду фоҳишаҳоро аз роҳ гардонд: ёди нек аз Идигул Қосимзода

© Кумитаи занон ва оилаи ТоҷикистонРаиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон Идигул Қосимзода
Раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон Идигул Қосимзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Собиқ раиси занони Тоҷикистон даргузашт. Мунаққидонаш дар рӯзи марг ишора ба "роҳандозии маъракаҳои мубориза бо "фарҳанги бегона" бо роҳбарии ӯ карданду дигарон вокуниш - гузаштагонро танҳо ба некӣ ёд мекунанд
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Дирӯз, 22 июл яке аз мансбадорони тоҷик, вакили Парлумони Тоҷикистон ва собиқ раиси Кумитаи занон Идигул Қосимзода дар синни 53-солагӣ даргузашт.
Гуфта мешавад, марҳум ба бемории шабеҳ ба коронавирус мубтало шуда, ду ҳафта дар бемористон бистарӣ буд.
Дар ҳоле, ки корбарони шабкаҳои иҷтимоӣ сӯгворӣ навиштаву изҳори тасаллӣ мекарданд, нафароне низ пайдо шуданд, ки бадгӯӣ мекарданду ба роҳандозии маъракаҳои мубориза бо "фарҳанги бегона" дар Тоҷикистон бо роҳбарии собиқ раиси Кумитаи занон Идигул Қосимзода ишора менамуданд.
Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигор, собиқ ровии телевизион, ки бо Идигул Қосимзода аз наздик шиносоӣ доштааст, аз чанд некиҳои ӯ ёдрас шудааст.
Вай менависад, ки Идигул Қосимзода вақте ба ҳайси раиси занон кор мекард, ба бонувони дармонда кӯмакҳои зиёд кардааст.

"Чанд сол пеш, зани бехонаву бешавҳаре ба як ҳамкорам занг зада гуфт: "Аз нодорӣ худам ва ду кӯдаки маъюбамро оташ мезанам". Бо ҷамъе аз дустон он занро кӯмак намудему ба апаи Идигул, ки он замон раиси Кумитаи занон буд муроҷиат кардем. Баъди чанд рӯз апаи Идигул маро ба Кумита даъват карданд, то роҳи хонаи он занро барояш нишон диҳам", - навиштааст Саидаминӣ.

Қосимзода ба аёдати он зан рафтаву барояш аз ҳисоби худаш кӯмакҳои моддӣ кардааст ва ҳатто " палтоеро, ки пӯшида буд, ба вай зан тақдим намудааст".
Рӯзноманигор мегӯяд, Қосимзода дар пайи ислоҳи камбудиҳои ахлоқии занон низ будааст. Ҳамин тавр, барои чанд зани бадроҳа талаби хона кардаву дар посух аз онҳо ваъдаи "ислоҳ шудан"-ро гирифтааст.
Президент Эмомали Рахмон и глава Хатлонской области Курбон Хакимзода в усыпальнице Султана Увайса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Самимӣ, беозор, намунаи ибрат: ёди мақомдорон аз некиҳои Қурбонбӣ, хоҳари Президент
"Марҳум боре гуфта буд, ки: "Баъд аз як рейди танфурӯшон дар шаҳри Душанбе, ки 7-8 зан дастгир шуда буданду ҳама аз ноҳияҳои дурдаст буданд, аз онҳо пурсидам, ки чаро ин корро мекунанд. Онҳо гуфтанд, ки ба хотири як сарпаноҳ, яъне манзили зист ё ҳади ақал харидани замин. Пешниҳод кардам, ки агар соҳиби замин бошанд аз ин кор даст мекашанд, ваъда доданд, ки "бале", - нақл карда будааст Қосимзода.
Вай афзудааст, "он замон ба раиси ноҳияи ҳар яке аз он занҳо занг задаву онҳоро ба нанг овардам, ки наход як занро ба як қитъаи замин таъмин карда натавонед, ки ӯ омада дар Душанбе даст ба танфурӯшӣ бизанду обу рӯйи ноҳияи Шуморо бирезонад".

"Апаи Идигул гуфта буд, ки дар як муддати хеле кӯтоҳ ба тамоми он занҳо қитъаи замин ҷудо карда шуду аз раисони ноҳияҳо хоҳиш кардам, ки барои ин занҳо як кулбае сохта диҳанд", - менависад Завқибек Саидаминӣ.

Дар посух ба ин пости рӯзноманигор ҳудуди 200 нафар шарҳ навиштаву гуфтаанд, ки дар фарҳанги тоҷикӣ гузаштагонро танҳо ба некӣ ёд мекунанд ва беҳтараш ҳар кас дар кӯшиши ислоҳи худаш бошад, на дигаронро сиёҳ кунад, ба хусус баъди маргашон.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала