Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

СРУ имкони пирӯзии "Толибон"* бар ҳукумати Афғонистонро арзёбӣ кард

© AP / Rahmat GulАфганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле
Афганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Мудири СРУ бовар дорад, ки агар ихтилофоти дохилиҳукуматии Афғонистон бартараф шавад, давлат метавонанд "Толибон"*-ро шикаст диҳад
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Муваффақиятҳои низомии "Толибон"* дар Афғонистон ташвишовар аст, гуфт директори СРУ Вилям Бернс.
Ҳамзамон, ин тамоюл ҳеҷ гоҳ маънои суқути ногузири мақомоти кишварро надорад, таъкид кард ӯ.
"Мо шоҳиди муваффақиятҳои бузурги низомии барои Толибон шудем ... Тамоюл нигаронкунанда аст, аммо бояд эътироф кард, ки ҳукумати Афғонистон ҳанӯз ҳам қобилиятҳои назаррас дорад", - гуфт Бернс дар мусоҳиба бо Радиои Миллии Ҷамъиятии ИМА.
Ӯ қайд кард, ки "Толибон"* аз соли 2001, пас аз сарнагун шудани режимашон аз ҷониби нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ бо сарварии ИМА инҷониб, бори аввал дар чунин мавқеи пурзӯр қарор доранд.
Ба гуфти директори СРУ, Кобул қодир аст муқовимат нишон диҳад, аммо барои ин иродаи сиёсӣ ва ваҳдати роҳбарияти Афғонистон лозим аст.
Мужчины с оружием в руках в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Шаллоқистон": таъқиби як ҷавони ошиқ аз сӯи "Толибон"* ва "андоз" - и ғалатӣ
Бернс таъкид кард, ки вазъи кунунии ҷумҳурӣ маънои суқути ногузири ҳукуматро надорад.
Вай афзуд, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, СРУ дар он ҷо "имкониятҳои назаррас" -ро барои ҷамъоварии маълумот дар бораи фаъолияти террористӣ, нигоҳ медорад.
Лидер северных провинций Афганистана Атто Мухаммад Нур - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Мусоҳиба бо Устод Ато: аз ҷанги Шимолу Толибон* то тоҷикону фирор аз Афғонистон
Моҳи июн дар Афғонистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни "Толибон"* задухӯрдҳо оғоз ёфт. Ҷангиён дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои Амрико аз ҷумҳурӣ, бо нерӯи нав бархостанд.
Ҷанг барои осмон: оё миёни Туркия ва "Толибон"* дар Афғонистон ҷанг мешавад?
Артиши Афғонистон талош дорад, ки ҳамлаи ҷангиёнро ҷилавгирӣ кунад, аммо тибқи иттилои расмӣ, аз 398 вулусволӣ беш аз 200 тои он таҳти назорати "Толибон"* қарор гирифтааст.
Хусусан бархӯрдҳои шадид дар марз бо Тоҷикистон, Эрон ва Туркманистон рух медиҳанд.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала