Ҷасади Ҳабиб Ёқубовро, ки худро барои наҷоти модар ба сел зад, пайдову ба хок супурданд

© Sputnik / Андрей СтенинҶаноза. Акс аз бойгонӣ
Ҷаноза. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Обуна шудан
Баъди ҷустуҷӯ ва такопӯи чаҳор рӯз, ҷасади Ҳабиб Ёқубов, ҷавони 19- солаи сокини ҷамоати Ёрии шаҳри Панҷакент ёфт шуд
ДУШАНБЕ, 23 июл – Sputnik. Мутриб Шоназаров, масъули КҲФ шаҳри Панҷакент дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷасади Ёқубовро аз соҳили дарёи Зарафшон аз ҳудуди мавзеи деҳаи Ёрӣ пайдо кардаанд.

“Зимни азназаргузаронии соҳили дарёи Зарафшон кормандони КҲФ дирӯз ҷасади Ёқубов Ҳабибро дарёфт намуда ба дасти пайвандонаш супориданд. Бегоҳии дирӯз, 22 июл марҳум ба хок супурда шуд”, - гуфт Шоназаров.

Ҳабиб Ёқубов, сокини деҳаи Киштудаки Панҷакент, ҳамон ҷавонест, ки расонаҳо навишта буданд, барои наҷоти модараш худро ба сел андохта буд.
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Аз 3 то 71-сола: нашри номи қурбониёни сели Панҷакент, ки 7 танаш аз хонаводаи Исмоиловҳо
Ёқубов ҳамроҳ бо 11 ҳамдеҳааш ба коми сел рафта, ҷони худро аз даст додааст. Бино бар баъзе иттилоъҳо, як нафари онҳо модараш буд, ки ҷасадашро 20-уми май пайдо кардаву ба хок супурданд.
Ҳамин тавр, қурбониёни ҳодисаи сели даҳшатбори рӯзи 19-уми июл дар Панҷакент 12 нафар - 7 нафар аз хонаводаи Исмоиловаҳо - зани 31- сола Исмоилова Парвина ва фарзандонаш - Исмоилова Сафияи 8 - сола, Исмоилов Эзоҳи 10 - сола, Исмлилов Озоди 6 - сола, Исмоилова Нигинаи 3 - сола ва наздиконаш Исмоилова Сабринаи 6 - сола, Исмоилов Ҳасани 3 - сола, зани 53-сола Ҷониқулова Мавҷудаи 53 - cола, Ҷониқулова Норбибии 71 - cола, ки зоҳиран хешованданд, Эгамбердиева Мусаллам ва Исмоилова Нозима, ҳама сокинони ҷамоати деҳоти Ёрӣ гуфта мешаванд.
Масъулони КҲФ иттилоъ дода буданд, ки рӯзи 20 июл ҷасади 10 тан аз шумори қурбониёни сел тавассути чархбол пайдо карда шуд, вале то кунун ҷасади Нозима Исмоилова ёфт нашудааст.
Мутриб Шоназаров гуфт, зимнан барои пайдо намудани ҷасади охирин қурбонии сел дар ҷамоати ёрӣ корҳои ҷустуҷӯӣ идома дорад. Ба иттилои манбаъ, рӯи 19 июл дар пайи боришоти борони шадид сел ин сокинони шаҳри Панҷакентро аз дохили хаймаҳояшон бурдааст.
“Инҳо ҳама машғули чорвочаронӣ буда, дар замони боридани борон дохили хаймаҳо панаҳ бурдаанд, аммо селхезӣ онҳоро бо хаймаҳояшон бурдааст”, - иттилоъ дод Шоназаров.
Имрӯз Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба маҳалли рухдоди офати табиӣ ба шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ сафар карда, барои саривақт расонидани кӯмаки молӣ ба зарардидагон ба масъулин дастур додааст.
Пайомадҳои сели харобиовар дар Панҷакент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Пайомадҳои сели харобиовар дар Панҷакент: акс
КҲФ гуфтанд, ки тибқи санҷишҳои муқаддамотӣ ҳамчунин 35 сар чорвои сокинони ҷамоати Ёрии шаҳри Панҷакентро сел ба коми худ фуру бурдааст. Боронҳои шадиди рӯзи 19 июн тамоми водии Зарафшонро фаро гирифта, дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияиҳо Айниву Масчоҳ низ харобиҳо зиёд аз ҷумла роҳу купрук, хатҳои барқ ва шуморе аз хонаҳои сокинонро хароб гардонид.
Зимнан комиссияи вижаи КҲФ хисороти умумии расида аз ин офати табииро ҳисоб мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0