КҲФ омори ғарқшудаҳо ва фавтидаҳо аз офати табииро гуфт: зиёд шудааст

© YoutubeСели мудҳиш ва пайомадҳои он дар Кӯлоб
Сели мудҳиш ва пайомадҳои он дар Кӯлоб  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Давоми шаш моҳи гузашта ғарқшавии бештари сокинон дар каналу рӯдхонаҳои кишвар сабт шудааст
ДУШАНБЕ, 23 июн - Sputnik. Дар натиҷаи риоя накардани техникаи бехатарӣ ҳангоми оббозӣ тайи ним соли гузашта дар рӯдхонаҳо ва кӯлҳои Тоҷикистон 69 нафар ғарқ шудаанд. Дар ин бора муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон Имомалӣ Иброҳизода ба хабарнигорон гуфт.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта ба 34 нафар баробар буд.
"Аз теъдоди умумии фавтидагон 9 нафар то 4 - сола, 11 нафар аз 5 то 10 - сола,17 нафар аз 11 то 16 - сола, 17 нафар аз 17 то 35 - сола ва 15 нафар аз 35 - сола боло мебошанд", гуфт, Имомалӣ Иброҳизода.
Ба гуфтаи Иброҳимзода, ҳарчанд аз ҷониби кормандони Кумитаи мазкур миёни аҳолӣ таблиғоти зиёд роҳандозӣ мешавад, боз ҳам, мутаассифона, дар иншооти обӣ одамон ба ҳалокат мерасанд.
Номбурда гуфт, ҳамзамон дар давраи ҳисоботӣ 299 ҳолати фавқулода ба қайд гирифта шудааст, ки 22 қурбонӣ дар пайи дошт.
В Таджикистане в Раштском районе произошло землетрясение - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Заминларза дар Тоҷикистон
КҲФ шумораи умумии манзилҳои харобгашта аз заминҷунбиро эълон кард
Гуфта мешавад, аз ин ин теъдод, 8 нафар дар сел, 7 нафар дар пайи лағжиши тарма, 5 тан дар ярч ва 2-и дигар дар сангрезиш фавтидаанд.
Ҳамзамон дар пайи офатҳои табиӣ 377 хона (140 хона пурра, 197 манзил қисман) зарар дидаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала