Лавров: Ғарб кӯшиш дорад гирду атрофи Русия "камарбанди ноамнӣ" бандад

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксАкция протеста в Минске
Акция протеста в Минске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Вазири корҳои хориҷаи Русия вазъи кунунии сиёсати хориҷии кишварҳои Ғарбро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Ғарб мехоҳад вазъро дар атрофи Русия, аз ҷумла бо ёрии хабарҳои бепоя ноором кунад, гуфт вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров.

"Онҳо кӯшиш доранд, ки дар гирду атрофи мо камарбанди ноустуворӣ ба вуҷуд оранд ва ҳамсояҳои наздиктарини мо, халқҳои бародарро маҷбур созанд, ки интихоб кунанд "ё ҳамроҳи Ғарб мешавед, ё бо Русия", - гуфт ӯ дар вебинар таҳти унвони "Вазъи сиёсати хориҷӣ ва ҷараёни маъракаи интихоботи вакилони Думаи давлатӣ".

Ғарб мекӯшад, Русия ва қаламравҳои атрофи онро бо роҳи низомӣ ва иқтисодӣ ноором созад.
Владимир Путин- Ежегодное послание президента РФ Федеральному Собранию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Ғарб хуб медонад, ки Путин хати сурхро куҷо кашид
"(Онҳо мехоҳанд - шарҳ аз идора) моро иҳота кунанд ва ҳатто аз он, ки Ғарб ба рушди кишварҳои ҳамсояи мо таъсири ҳалкунанда мерасонад, фоидае ба даст оранд", - шарҳ дод Лавров.
Лавров таъкид кард, ки тамоюли Ғарб ба таври возеҳ дар Украина зоҳир шуд ва дар моҳҳои охир усулҳои инқилоби ранга дар Белорус низ ҷорӣ карда шуданд.
Инчунин, Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Иттиҳоди Урупо барои Молдова муборизаи геополитикӣ оғоз кардаанд.
Никита Мендкович - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2021
Мендкович: Ғарб ва ИМА мехоҳанд Осиёи Марказиро ноором кунанд
"Хуб, ҳоло ҳамкорони ғарбии мо мекӯшанд, ки ҳузури худро, аз ҷумла низомиёнро дар наздикии марзҳои мо, дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз васеъ кунанд", - гуфт вазири корҳои хориҷӣ.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала