Мақсад расидан ба як миллиард: ҳайат аз Хатлон ба Ӯзбекистон рафт

© дафтари матбуоти ҳукумати ХатлонСафари ҳайати корӣ аз вилояти Хатлон ба вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон
Сафари ҳайати корӣ аз вилояти Хатлон ба вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Як ҳайати вилояти Хатлон, таҳти раёсати Қурбон Ҳакимзода бо сафари корӣ озими вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон шуд
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Ҳайат таҳти раёсати Қурбон Ҳакимзода, раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони ширкатҳо, палатаи савдо ва саноати вилоят ва доираҳои соҳибкориро дар бар мегирад.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси Хатлон, намояндагони ҷониби Тоҷикистон аз Минтақаи озоди иқтисодии "Термез", минтақаи озоди тиҷоратии "Маркази байналмилалии тиҷоратии Термиз", маркази байналмилалии логистикии "Термез Карго Сентр" дидан намуданд.
© дафтари матбуоти ҳукумати ХатлонСафари ҳайати корӣ аз вилояти Хатлон ба вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон
Сафари ҳайати корӣ аз вилояти Хатлон ба вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Сафари ҳайати корӣ аз вилояти Хатлон ба вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон
“Қарор аст, ки тайи ду рӯзи оянда раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ширкатҳои истеҳсолию тиҷоратии Хатлонзамин аз корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва инфрасохтори дигари Сурхондарё боздид намуда, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро ба роҳ монанд”, - омадааст дар иттилоия.
Роҳбари бахши тухмипарварии вилояти Сурхондарё, Тоҷимурод Мамадраҳимов, дар мавзеи Янгиариқ дар хоҷагии фермерии "Оқтепа Термиз" ба меҳмонон аз Тоҷикистон дар бораи корҳои агротехникӣ, селексия, генетика ва биотехнология маълумот дод.
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Сафари ҳайати Ӯзбекистон бо роҳбарии муовини вазири кишоварзии ин кишвар ба вилояти Суғд
Ба иттилои дафтари матбуот, миёни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Сурхондарёи Ӯзбекистон соли 2018 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Манбаъ афзуд, ки ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар дар муқоиса бо соли 2015-ум 30 маротиба афзуда, роҳбарони ду мамлакат вазифагузорӣ кардаанд, ки гардиши тиҷоратиро ба 500 миллион доллари амрикоӣ ва дар дурнамо то як миллиард доллар расонанд.
Ин сафар дар ҳолест, ки ахиран як ҳайати вилояти Суғд низ аз Ӯзбекистон боздид карда, роҳҳои густариши ҳамкориро баррасӣ намуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала