Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Марги дигар ва афзоиши ҳамарӯзаи коронавирус дар Тоҷикистон

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЛюди в защитных масках на улице Душанбе
Люди в защитных масках на улице Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Тайи чанд рӯзи охир дар Тоҷикистон афзоиши якбораи коронавирус сабт шуда, ба нишондиҳандаи рекордӣ мерасад
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави паҳншавии коронавирус дар кишварро эълон кард.
Дар Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта низ афзоиши якбораи вируси корона ба қайд гирифта шуд: дар як рӯз 68 ҳолати нав ошкор карда шуд, ки 5 ҳолат нисбат ба рӯзи 21 июл зиёд аст.
Аз оғози мавҷи дуввуми коронавирус дар кишвар, ин нишондиҳандаи болотарин ва рекордӣ мебошад.
Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 56 нафари дигар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 14359 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13902 нафар шифо ёфтаанд.
Давоми шабонарӯзи ахир, ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 1 каси дигар фавтидааст, ки теъдоди умумӣ ба 116 нафар мерасад.
Раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон Идигул Қосимзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Коронавирус: даргузашти Идигул Қосимзода, вакили Парлумон ва собиқ раиси занон
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Ҳоло дар Тоҷикистон ду намуд ваксин дар гардиш аст, ки яке AstraZeneca ва дигаре CoronaVac мебошад. Бо ин ду навъ ваксин аллакай наздик ба ним миллион шаҳрвандони кишвар ваксин гирифтанд ва маъракаи эмгузаронӣ ҳамоно дар Тоҷикистон ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала