Барои ҳар медали тилло варзишгарони Русия чор миллион рубл ҷоиза мегиранд

© Sputnik / Yuliya Kalinina / Гузариш ба медиабонкПрезидент Международной федерации студенческого спорта Олег Матыцин в городском пресс-центре чемпионата мира по футболу FIFA 2018 в Казани
Президент Международной федерации студенческого спорта Олег Матыцин в городском пресс-центре чемпионата мира по футболу FIFA 2018 в Казани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Обуна шудан
Вазири варзиши Русия ҳаҷми мукофотпулиеро, ки ба варзишгарони кишвар барои медалҳои олимпӣ дода мешавад, эълон кард
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Варзишгарони Русия барои ҳар медали тиллои Бозиҳои олимпии Токио – 2020 чор миллион рубл мегиранд, хабар дод Олег Матитсин, вазири варзиши кишвар ба РИА Новости.
Ба иттилои манбаъ, барои медали нуқра 2,5 миллион рубл ва барои медали биринҷӣ 1,7 миллион рубл мукофотпулӣ дар назар аст.
Вазири варзиш таъкид намуд, ки бисёри минтақаҳои Русия барои барандаҳои олимпиада ҷоизаҳои худро таъйин намуданд.
“Дар баробари ин барои дастовардҳо аз натиҷаи мусобиқот стипендияи президенти Русия таъйин мешавад, ки ҳар моҳ 52 ҳазор рублро ташкил медиҳад. Умедворем, ки ҷоизадорҳои олимпӣ зиёд хоҳанд буд”, - иттилоъ дод Матитсин дар суҳбат бо РИА Новости.
Олимпиадаи Токио, ки ба далели пандемия ба таъхир андохта шуданд, аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешавад. Русияро дар бозиҳои олимпии Токио 335 варзишгар дар 33 намуди варзиш намояндагӣ мекунанд.
Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио 10 варзишгар намояндагӣ мекунад, ки барои медалҳои олимпӣ аз 150 то 300 ҳазор сомонӣ ҷоизаи президент ва аз ҷониби раиси шаҳр аз ду то чорҳуҷрагӣ манзил тақдим мекунад.
Лентаи хабарҳо
0