Модели тоҷиктабор Ӯзбекистонро дар озмуни зебогии ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад

© Из личного архива Н.ФахриддиновойМодель Нигина Фахриддинова
Модель Нигина Фахриддинова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Обуна шудан
Зебосанам Нигина Фахриддинова, ки дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон маъруф аст, имсол дар озмуни Miss International -2021 ширкат мекунад
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Модели тоҷиктабори Ӯзбекистон Нигина Фахриддинова барои фатҳи як озмуни байналмилалии зебоӣ омодагӣ мегирад.
Зебосанам ва блогер дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, имсол ба вай муяссар шуд, ки иштирокчии озмуни пурнуфуз шавад.
Озмуни байналмилалии Miss International -2021 бори 60-ум ва дар шаҳри Иокогамаи Ҷопон баргузор хоҳад шуд.
Дар озмуни зебогӣ, дар маҷмӯъ, аз сартосари ҷаҳон 34 гулдухтар иштирок мекунанд.
Байни онҳо бонувон аз Канада, Мексика, ИМА, Малта, Чехия низ ҳастанд.
Таджикская модель Карина Комил - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2020
Бори нахуст: модели тоҷик дар маҷаллаи Vogue
Духтарак аллакай давраи аввали озмун - Miss International Uzbekistan 2020/21-ро гузаштааст.
Ба гуфтаи Фахриддинова, акнун ӯ дар тараддуд аст: либосҳои миллиро омода мекунад.
Вай инчунин хеле умедвор аст, ки пандемияи коронавирус ба озмун халал намерасонад.
"Агар сарҳадҳо баста шаванд, озмун ё мавқуф гузошта мешавад, ё кишвари дигари ширкаткунанда метавонад онро қабул кунад", - тавзеҳ медиҳад модел.
Нигина афзуд, ҳамчун намоянда аз Осиёи Марказӣ ширкаташ дар чунин чорабинии бузург хеле ҳаяҷоновар аст.
Ёдовар мешавем, ки Нигина Фахриддиноваи 22-сола дар шаҳри Навоии Ӯзбекистон таваллуд шудааст. Ӯ тоҷиктабор аст.
Нигина ғолиби озмунҳои Miss Intercontinental Uzbekistan - 2019, Top Model Friendship - 2018, Fashion Model SNG 2018 мебошад.
Фахриддинова ба 8-гонаи муваффақтарин модел дар Ӯзбекистон ва яке аз машҳуртарин зебосанами Осиёи Марказӣ шомил мешавад.
Соли 2019 Нигина барои иштирок ба "Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон" ба Душанбе сафар кардаву либосҳои тарроҳони тоҷикро дар худ зеб дода буд.
Лентаи хабарҳо
0