Раиса, котиба, муаллима - нодурустанд: қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешТаджикские женщины на улице
Таджикские женщины на улице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Обуна шудан
Бар асоси Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобат, ки Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ кард, бархе аз калимаҳои роиҷ миёни мардум нодуруст мебошанд
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Муаллима, раиса, котиба, шоира, адиба, ки дар навиштору гуфтори тоҷикистониён зиёд истифода бурда мешаванд, бар асоси қоидаҳои нави имло нодуруст мебошанд.
Дар Қоидаҳои ҷадиди имлои забони тоҷикӣ таъкид шудааст, ки "ҷинсияти грамматикии калимаҳои иқтибосӣ дар имлои забони тоҷикӣ корбурд намешавад".
Дар шарҳи ин қоида мисол оварда шудааст, ки дар мавриди муҳтарам, раис, шоир, адиб, муаллим, котиб, магистрант, аспирант ва ғайра ҷинсият кор бурда намешавад.
Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон, таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Қарори Ҳукумат: номи бархе ҳарфҳои алифбои тоҷикӣ иваз шуд
Дар ҳоле, ки корбурди ҷинсият дар ин ҳолатҳо нодуруст арзёбӣ мешавад, тоҷикистониён зиёд дар хитоб ба намояндагони ҷинси латиф, калимаҳои муаллима, котиба, раиса, шоира, муҳтарама ва ғайраро истифода мебаранд.
Қоидаҳои нави имло дар Тоҷикистон, ки ахиран Ҳукумат тасдиқ кард, бо дастури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардиданд.
Ӯ зимни як ҳамоиш дар Душанбе дастур дода буд, ки камбудиву духӯрагиҳои ҷиддие, ки дар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба назар мерасанд, ислоҳ карда шаванд.
“Зеро вазъи номуайяни қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва возеҳу равшан набудани бисёр бандҳои он боиси баҳсу мунозираҳои нолозим шуда, ба сатҳи саводнокии мардум, махсусан, насли наврасу ҷавон таъсири манфӣ расонида истодааст”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Раисиҷумҳур таъкид намуд, ки қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ танҳо барои олимон нест, балки дастури амалиест, ки ҳадафи он саводнок кардани тамоми мардум буда, бояд ба ҳамаи табақаҳои ҷомеа дастрасу фаҳмо бошад.
Лентаи хабарҳо
0