Мушкили "ц" ҳал шуд: тавзеҳи тарзи навишти калимаҳои иқтибосӣ дар қоидаҳои нави имло

© Sputnik / Амир ИсаевЦветы в городе Душанбе
Цветы в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Дар Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобат, ки Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ кард, тарзи навишти калимаҳои ҳомили ҳарфи “ц” мушаххас шудааст
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Қаблан Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон бархе пешниҳодҳо барои баргардондани ҳарфҳои “ц” “щ”-ро рад карда, изҳор дошт, танҳо мавридҳои навишти ин ҳарфҳо мутобиқ бо савтиёти забони тоҷикӣ муайян мекунанд.
Дар Қоидаҳои ҷадиди имлои забони тоҷикӣ, ки Ҳукумат тасдиқ кард, тавзеҳ дода шудааст, ки дар калимаҳои иқтибосӣ ба ҷойи ҳарфи русии ц ҳарфҳои с ва тс навишта мешаванду мавридҳояш тавзеҳ ёфтаанд.
Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон, таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Қарори Ҳукумат: номи бархе ҳарфҳои алифбои тоҷикӣ иваз шуд
Аз ҷумла омадааст, дар аввали калима, пеш аз садонок с навишта мешавад: семент - цемент, сирк -цирк, ситрон -цитрон ва ғайра.
Дар дохили калима пас аз ҳамсадо ва пеш аз садонок с навишта мешавад: консерт - концерт, конференсия - конференция ва ғайра.
Дар байни ду садонок ҳарфҳои тс навишта мешаванд: дотсент - доцент, милитсия - милиция, фарматсевт - фармацевт, конститутсия - конституция, ассотсиатсия - ассоциация ва ғайра.
Баъд аз садонок ва пеш аз ҳамсадо ҳарфҳои тс навишта мешаванд: Липетск - Липецк, Донетск - Донецк ва ғайра;
Дар охири калима баъд аз садонок тс ва пас аз ҳамсадо с навишта мешавад: платс - плац, Вадутс - Вадуц, кварс - кварц ва ғайра.
Қаблан сари баргардондани ҳарфҳои “ц” ва “щ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс бархест. Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон таъкид карда буд, ки баргардондани ҳарфҳои "ы", "ц", "ь", "щ" матраҳ нест.
Таджикские женщины на улице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Раиса, котиба, муаллима - нодурустанд: қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ
Ин ҳарфҳо аз алифбои тоҷикӣ соли 1998 гирифта шуда буданд ва дар бархе ҳолатҳо зимни навишти калимаҳои иқтибосӣ, махсусан ҳомили “ц”, баҳсҳо сар мезаданд. Ҳарфҳои "ы" ва "щ" дар калимаҳои иқтисобосӣ бо "и" ва "ш" ҷойгузин шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала