Қарори Ҳукумат: номи бархе ҳарфҳои алифбои тоҷикӣ иваз шуд

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонМаҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон, таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон
Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон, таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Ҳукумати Тоҷикистон Қоидаҳои нави имло ва аломатҳои китобати забони тоҷикиро тасдиқ кардааст, ки дар он, аз ҷумла номи қисме аз ҳарфҳо иваз шуд
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Қоидаҳои нави имло ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ, ахиран аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шуданд, ки баробари тағйироти дигар, номҳои нави ҳарфҳоро фаро мегиранд. Масъулини Кумитаи забони Тоҷикистон мегӯянд, ҳарфҳо ба шеваи тоҷикӣ номгузорӣ шудаанд.
Бар асоси қоидаҳои нави тасдиқкардаи Ҳукумат, ҳарфи Л минбаъд на эл балки ле ном дорад.
Номи ҳарфҳои М аз эм ба ме, Н аз эн ба не, Р аз эр ба ре, С аз эс ба се ва Ф аз эф ба фе иваз гардидаст.
Дар қоидаҳои нав ба ҷои номи у – и дароз танҳо ӯ ва и – и дароз танҳо ӣ омадааст. Ҳарфи Х низ аз ха ба хе ва Ш аз ша ба ше тағйири ном кардааст.
Таджикские женщины на улице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Раиса, котиба, муаллима - нодурустанд: қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ
Ҳамин тариқ алифбои забони тоҷикӣ, ки 35 ҳарф дорад, ба тартиби зер мебошад:
Аа – а, Бб – бе, Вв – ве, Гг – ге, Ғғ –ғе, Дд – де, Ее – йе, Ёё – йо, Жж – жэ, Зз - зе, Ии – и, Ӣӣ – ӣ, Йй – йот, Кк – ка, Ққ – қе, Лл – ле, Мм – ме, Нн – не, Оо – о, Пп – пе, Рр – ре, Сс – се, Тт – те, Уу – у, Ӯӯ – ӯ, Фф – фе, Хх – хе, Ҳҳ – ҳе, Чч – че, Ҷҷ – ҷе, Шш – ше, Ъъ – сакта, Ээ – э, Юю – йу, Яя – йа.
Қаблан раёсати Кумитаи забон ва истилоҳот тағйири номи ҳарфҳоро бозгашт ба асолати тоҷикӣ хонда, тавзеҳ дод, ки хусусиятҳои фонетикӣ, садонокҳо, ҳамсадаҳо ба асолати худ баргаштанд. Дар маҷмуъ ба Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ беш аз 100 тағйирот ворид гардидаанд, ки тафсилоти он ироаи омма хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала