Рустами Эмомалӣ барои ҳар медали олимпӣ хона туҳфа мекунад: аз ду то чорҳуҷрагӣ

Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҳайати олимпии кишвар муваффақият хостанд
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба варзишгароне, аз Бозиҳои олимпӣ медал меоранд, хона туҳфа мекунад, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки дар ин бора роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон зимни мулоқот бо мунтахаби олимпии Тоҷикистон хабар додаанд.

Аз ҷумла, барои медали тилло хонаи чорҳуҷрагӣ, барои медали нуқра хонаи сеҳуҷрагӣ ва барои медали биринҷӣ хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим мегардад.

Ҳамчунин, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, барои ғолибону ҷоизадорони бозиҳои олимпии Токио – 2020 аз 150 то 300 ҳазор сомонӣ пардохт хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ, ин маблағ бар асоси муқаррароти низомномаи Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ҷудо мегардад.
Иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мусобиқаи футболбозони наврас дар шаҳри Гулистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2021
Президент барои ҳар медали олимпӣ аз Токио аз захираҳо пул медиҳад: чанд сомонӣ?
Аз ҷумла барои варзишгарони тоҷикистоние, ки аз Бозиҳои олимпӣ медали тилло меоранд, 300 ҳазор сомонӣ барои соҳибони медали нуқра 200 ҳазор сомонӣ ва барои барандагони медали медали биринҷӣ 150 ҳазор сомонӣ ҷоизаи раисиҷумҳури Тоҷикистон пардохт мегардад.
Маблағи мазкур аз Фонди захиравии президент пардохт мегардад.
Имкони гирифтани ҷоизапулии раисиҷумҳури Тоҷикистонро 10 варзишгари тоҷик доранд, ки роҳхат ба бозиҳои олимпии Токио – 2020 – ро гирифтаанд.
Таджикские борцы, которые поедут на Олимпиаду в Токио 2021  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Ташхиси мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз COVID -19 дар Токио маълум шуд: мусбат ё манфӣ
Гулсунбӣ Шарифова, давандаи тоҷик, ки роҳхати олимпӣ дорад, ба далели ҷароҳат наметавонад дар ин бозиҳо иштирок намояд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ аз Тоҷикистон дар бозиҳои Токио муштзанҳо - Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров, дар риштаи варзиши сабук - Илдар Аҳмадиев, дар ҷудо - Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов ва дар шиноварӣ Анастасия Тюринаю Олимҷон Ишанов ширкат мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала