Шоҳиён аз талафоти бузурги кинои тоҷик гуфт: онҳо фарзандони аср буданд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевМахмадсаид Шохиён
Махмадсаид Шохиён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Маҳмадсаид Шоҳиён бо изҳори ёдоварӣ аз ҳунармандони фарҳехтае, ки тайи чанд муддати гузашта фавтиданд, онҳоро фарзандони асри худ номид
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Нишасти матбуотии "Тоҷикфилм" имрӯз дар Душанбе бо дақиқаи сукут ба хотири ҳунармандоне, ки тайи чанд мудати ахир фавтиданд оғоз шуд.
Маҳмадсаид Шоҳиён, раҳбари "Тоҷикфилм" гуфт, дар як муддати кӯтоҳ мо беҳтарин фарзандонро аз даст додем, ки ба монанди онҳо дигар намеёбем.
"Шояд ҳоло мо инро дарк намекунем, аммо ба мисли Ҳабибулло Абдураззоқов оё метавонем ёфтан? Онҳо фарзандони аср буданд. Онҳо инсонҳои одӣ набуданд", - гуфт, Шоҳиён.
Ӯ ҳамзамон даргузашти Убайдулло Раҷабовро низ биёр талафоти бузург барои санъат хонда гуфт, мо зиёд нақшаҳо дотем, аммо....
Роҳбари "Тоҷикфилм" Сафарбек Солеҳро, ки чанд рӯз қабл даргузашт як фарди фарҳехта мисли аврупоиён хонд.
"Ман боре надидаам, ки аз чизе нолад ва ё ба касе ғаразе дошта бошад. Як ҷавони озоду олуфтае буд, бо симою рафтору гуфтораш. Ба гуфтаи Убайдулло Раҷаб намунаи олии зиёии тоҷик буд", - изҳор дошт, Шоҳиён.
Похороны в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2021
Мотам дар оилаи 17 чеҳраи шинохта дар мавҷи нави короно: феҳрасти фавтидаҳою шарҳи Вазорат
Ӯ гуфт, мо бояд кушиш созем, ҳамон ҷавҳарҳое, ки дорем аз даст надиҳем
Ба гуфтаи раҳбари "Тоҷикфилм" имрӯз ягон монеа нест ва ҳар ҷавоне, ки нияти филмофарӣ дорад, мо дастгирӣ мекунем, танҳо сенарияҳоро бояд ба замона мутобиқ кард.
Ёдовар мешавем тайи ним соли ахир ҳунармандони маҳбуби кишвар Ҳабибулло Абдураззоқов, Фотима Ғуломова, Раҳмондӯсти Қурбониён, Назирмад Мусоев, Убайдулло Раҷабов, Шералӣ Абдулқайсов даргузаштанд, ки барои синамои кишвар асарҳои мондагоре боқӣ гузоштанд
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала