Сиренаи нави кӯли Сарез имсол ба кор медарояд

© Sputnik / Ратушенко / Гузаштан ба хазинаи аксСарезское озеро на Памире, архивное фото
Сарезское озеро на Памире, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Насби низоми нави огоҳкунандаи кӯли Сарез дар ҳоли анҷомёбист
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ гузориш доданд, ки низоми нави огоҳии барвақтӣ ва мониторинги кӯли Сарез моҳи августи ҳамин сол ба кор медарояд.
Гуфта мешавад, ки системаи огоҳии зудҳангом ва мониторинги кӯли Сарез дар доираи Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ, ки аз ҷониби Бонки осиёии рушд сармоягузорӣ шуд, насб мегардад.
Посещение озера Сарез Генеральным секретарем ООН Антониу Гутерришем  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2020
Даҳ миллион доллар барои хариди таҷҳизот ба хотири назорати кӯли Сарез
Низоми нав, аз ҷониби ширкати итолёвии "САЕ", ки дар гузоштани системаи огоҳсозии бармаҳал аз ширкатҳои пешгом гуфта мешавад, бо маблағи 750 ҳазор доллар амалӣ мегардад.
Сӯҳбат баъди сайри Сарез: “Аждаҳои хуфта” ё муъҷизаи безарари табиат?
Ин система аз сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон то ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, ки бо вилояти Сурхандарёии Ӯзбекистон ҳаммарз мебошад, мегузарад.
Кӯли Сарез: офати табиӣ ё муъҷизае дар кӯҳҳои Помир
Феълан системаи огоҳии бармаҳал (сирена, алоқаи радиоӣ) то ноҳияи Рӯшон гузошта шудааст.
Бояд гуфт, ҳанӯз 13 ноябри соли 2020 муоҳада барои расонидан ва насби системаи нав ва ба истифода додани он дар кӯли Сарез, имзо шуда буд.
Сарез- яке аз ҷавонтарин нуқтаи ҷуғрофии сайёраамон ба шумор меравад.
Кӯл шаби 18 феврали соли 1911, дар натиҷаи баста шудани маҷрои рӯди куҳии Мурғоб пайдо шудааст. Он шаб, зиёда аз ду мукааб километр ҷинсҳои куҳӣ сарбанди дарёро бастанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала