Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Бо "Sinopharm": Содир Ҷабборов алайҳи коронавирус ваксин гирифт - видео

© POOL / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Кыргызстана Садир Жапаров
Президент Кыргызстана Садир Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Ваксингирии кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов расонаӣ шуд. Президент бо ваксини сохти Чин эм гирифт
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов дар яке аз Марказҳои савдои шаҳрӣ алайҳи коронавирус ваксин гирифт.
Бар хабари сомонаи Sputnik Қирғизистон, Ҷабборов бо ваксини сохти Чин - "Sinopharm" эм шуд.
Маврид ба зикр аст, ки раисиҷумҳури Қирғизистон борҳо шаҳрвандонро ба гирифтани ваксин алайҳи коронавирус тарғиб кард, ҳарчанд худ ваксин нагирифта буд.
Ӯ далели пештар ваксин нагирифтанро ба доштани антители зиёд рабт дод.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Русия Владимир Путин ҳам ҳар ду воя ваксин алайҳи ин маризиро гирифт. Қаблан Владимир Путин бо кадом ваксин эм шудани худро пинҳон мекард, вале баъдан иқрор намуд, ки бо "Спутник V" эм карда шуд.
Вакцинация  медработников от COVID-19 в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, барои саркашӣ аз ваксингирӣ ҷазо ҷорӣ шудааст ё не
Бобати ваксин гирифтан ё нагирифтани раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ягон маълумот рӯи даст нест.
Ахиран Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус эълон кард, ки дар Тоҷикистон афроди аз 18 - сола боло ҳатман бояд ваксин гиранд. Аз ваксингирӣ танҳо занони ҳомилаву соҳиби кӯдакони ширмак ва нафароне, ки тоза бемори коронавирус гардидаанд, канор мемонанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала