Пойҳои дарози Темур Раҳимов: паҳлавони тоҷик дар кати ҷопонӣ нағунҷид - видео

Обуна шудан
Катҳои хобе, ки дар деҳаи олимпӣ барои варзишгарон гузошта шудаанд, барои қади яке аз паҳлавонони тоҷик номувофиқанд
Темур Раҳмов паҳлавони тоҷик дар риштаи ҷудо, ки феълан ҳамроҳи 9 намояндаи дигари Тоҷикистон дар Токио қарор дорад, ба як мушкилӣ рӯбарӯ шудааст.
Кумитаи тадорукот қади баланди ин варзишгари тоҷикро ба инобат нагирифта, катҳои хобро ҳаҷман хурд фармоиш додааст, ки ба Раҳимови паҳлавон тамоман номувофиқанд.
Ин мушкилии Раҳимов дар як барномаи вижае, ки шабакаи Варзиш ТВ аз ҷараёни омодагии ҷудочиёни тоҷик нашр намудааст, маълум гардид.
Дар навори таҳиякарда толори Маркази байналмилалии ҷудо "Kodokan" намоиш дода шудааст, ки ҷудочиёни тоҷик ҳамарӯза барои як соат ин ҷо тамрин мекунанд.
Ҳарифони Сомону Акмал ва Темуру Комроншоҳ дар Токио маълум шуданд
Толоре, ки варзишгарони тоҷик онҷо тамрин мекунад, танҳо татами дораду халос. Аммо Муҳаммадмурод Абдураҳмонов яке аз мураббиёни варзишагрон гуфт, дастпарварони онҳо марҳилаи омодагии асосииро дар Тоҷикистон гузоштанд ва ҳоло ба ягон таҷҳизоти иловагӣ ниёз надоранд.
Абдураҳмонов ба мушкиле, ки Темур Раҳимов дорад, дахл намуда бо табассум изҳор дошт, ки "қоматаш каме дарозу почаҳояш ҷой намегиранд.
Маврид ба зикр аст, ки варзишгарони дигар давлатҳо низ аз мавҷуд будани ин мушкилӣ шикоят намуданд.
Раҳимов бо парчаму костюми гулдузӣ: гузашти мунтахаби Тоҷикистон дар Токио
Қаблан ҳарифони ҷудоҷиёни тоҷик низ маълум гардиданд. Нахуст аз миёни ҷудочиёни тоҷик Сомон Маҳмадбеков ба майдон мебарояд. Мусобиқаи ӯ рӯзи 26 июл соати 07:00 дақиқаи ба вақти Душанбе оғоз меёбад. Ҳарифи ӯ Аҳмад Аликай мебошад, ки намояндаи Дастаи мунтахаби гурезаҳо аст.
Рӯзи 27 июл, Акмал Муродов бо ҳарифи худ Ҷоштер Эндрю аз Гуам вориди майдони қувваозмоӣ мешавад.
Рӯзи баъдӣ мусобиқаи Комроншоҳи Устопириён бо намояндаи Фаронса Алекс Клергет баргузор мегардад. Ва ниҳоят рӯзи 30 июл намояндаи охирони Тоҷикистон дар риштаи дзюдо Темур Раҳимов бо ҳарифи худ аз Куба, Эндӣ Гранда қувваозмоӣ мекунанд.
Муҳорибаи ҳамаи дзюдочиёни тоҷик соати 07:00 дақиқаи ба вақти Душанбе доир хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0