Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Тоҷикистон омода аст 100 ҳазор гуреза аз Афғонистонро қабул кунад

© Sputnik / Сайед Али / Гузаштан ба хазинаи аксБеженцы из провинции Газни в Афганистане
Беженцы из провинции Газни в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Тоҷикистон барои паноҳ додани 100 ҳазор гурезаи афғон имкон дорад
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Тоҷикистон омода аст 100 ҳазор гурезаҳо аз Афғонистонро қабул кунад.
Дар ин бора муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар, Эмомалӣ Иброҳимзода зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт.
Ба гуфти вай, паноҳандагон метавонанд дар тамрингоҳҳои вазорати дифои Тоҷикистон, воқеъ дар наздикии марз бо ҷумҳурӣ, ҷой дода шаванд.
Дар ҳолати зарурӣ, Тоҷикистон ба афроди бештар кумак хоҳад кард.
"Мо дар якҷоягӣ бо созмонҳои байналмилалӣ имкони қабули гурезаҳои афғонро меомӯзем", - гуфт муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Иброҳимзода афзуд, ки дар ояндаи наздик дар Кушониён ва Хоруғ ду анбор сохта мешаванд, ки дар онҳо хаймаҳо, рахти хоб, маҳсулоти беҳдоштӣ ва ғизо барои гурезагон нигаҳдорӣ мешавад.
Иброҳимзода ёдовар шуд, ки моҳи июли соли равон Тоҷикистон беш аз ҳазор шаҳрванди Афғонистонро, ки аз дасти "Толибон"* фирор карданд, қабул кард.
Мулоқоти Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ бо намояндагони СММ ва Бунёди Оқохон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Файзов бо СММ ва Бунёди Оқохон масъалаи гурезаҳо аз Афғонистонро баррасӣ кард
Ба паноҳандагон манзили муваққатӣ, ёрии тиббӣ, се маротиба ғизои гарм, рахти хоб ва лавозимот барои ошхона дода шуд.
Муовини раиси КҲФ гуфт, ки афғонҳо бо ёздаҳ парвози чартерӣ ба Кобул ва Мазори Шариф баргардонида шуданд.
Хотиррасон мекунем, ки дар Афғонистон муқовимати сарбозони ҳукуматӣ ва аъзои ҳаракати радикалии "Толибон"* ҳамоно дар авҷ аст.
Афганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
СРУ имкони пирӯзии "Толибон"* бар ҳукумати Афғонистонро арзёбӣ кард
Қаблан ҷангиён шартҳои оташбасро ба миён гузошта буданд. Ба гуфти намояндаи ин ҷунбиш Суҳайл Шоҳин, "Толибон"* танҳо бо истеъфои Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон ва ташкили ҳукумати нав тавассути музокирот силоҳро поён хоҳанд кард.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала