Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Фаврӣ: Дар Чоркӯҳи Исфара ҳаммарз бо Қирғизистон тирпарронӣ рух дод

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксСитуация на границе между Кыргызстаном и Таджикистаном
Ситуация на границе между Кыргызстаном и Таджикистаном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2021
Чанд дақиқа пеш дар марзи миёни ҷамоати Чоркӯҳ ва ноҳияи Ботканди Қирғизистон тирпарронӣ рух додааст
ДУШАНБЕ, 24 июл – Sputnik. Манобеъ аз ҷамоати Чоркӯҳи Исфара дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи рухдоди тирпарронӣ хабар доданд.
Ба иттилоъи манобеъ тирпарронӣ дар мавзеъи маъруф ба “Қуммазор”, сурат гирифтааст.
“Ҳоло мавсими табобати тобистонӣ аст. Чанд тан аз сокинони Чоркӯҳ барои баҳра гирифтан аз қуми тасфон ба “Қуммазор” рафтаанд, аммо сарҳадбонони қирғиз барои ин монеъгӣ карда барои тарк намудани сокинон ба ҳаво тир кушодаанд. Дар ҷавоб ба ин амали қирғизҳо сарҳадбонони кишвари мо ҳам чанд тир ба ҳаво холӣ кардаанд”, - гуфт манбаъ аз ҷамоати Чоркӯҳ.
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ, ҳоло Баҳодур Баҳоваддинзода, раиси шаҳри Исфара ва масъулони ҷамоати Чоркӯҳ як ҷо бо ҳамтоёни қирғизи худ ба ҷойи ҳодиса сафар карда вазъро таҳқиқ мекунанд.
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Раҳмон гуфт, 32 километри марзи Тоҷикистону Қирғизистон мувофиқа шуд
Масъулони ҷамоати Чоркӯҳ мегуянд, мавзеъи “Қуммазор” аз пеш дар ҳудуди ин ҷамоат аст, вале дафъаҳои охир барои рафтани сокинон ба ин мавзеъ ҷониби қирғизҳо монеъгӣ мекунанд. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд ва аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, вале боқимонда ҳанӯз муайян ва аломатгузорӣ карда нашудааст.
Номуайянии марз борҳо сабаби рухдоди муноқишаҳои марзӣ гардидааст. Бори ахир вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид. Бар асари ин ҳодисаи мудҳиш аз ҳарду ҷониб 55 нафар афсарону акскарони сарҳадбон ва ба ҳисоби сокинони оддӣ қурбон шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала