Дар Душанбе ҳамкории корхонаҳои вилояти Челябинск бо Ширкати Алюминийи Тоҷик баррасӣ шуд

© ТПП РТҲайати васеъи мақомоти Челябинск
Ҳайати васеъи мақомоти Челябинск  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2021
Ахиран ҳайати васеъи мақомдорону соҳибкорони вилояти Челябински Русия ба шаҳри Душанбе омаданд ва бо мақомоти дахлдори Тоҷикистон барои тақвияти равобит дидору гуфтугӯ карданд
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Душанбе Манзура Рустамова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо Дмитрий Глухарев, муовини вазири рушди иқтисоди вилояти Челябинск мулоқот кард.
Бино бар иттилои дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот, роҳандозии ҳамкорӣ байни корхонаҳои вилояти Челябинск бо Ширкати Алюминийи Тоҷик баррасӣ шуда, инчунин Роҳбари Ассотсиатсияи брокерони гумрук пешниҳод намуд, ки дар соҳаи хизматрасонии машваратӣ ба соҳибкорони Челябинск ҳамкорӣ ба роҳ монда шавад.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар ҷараёни мулоқот инчунин, ҷонибҳо ба масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, алахусус байни соҳибкорони Тоҷикистон ва вилояти Челябински Русия таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.
“Ҷонибҳо инчунин ҷанбаҳои муҳимтарини соҳаҳои ҳамкориро аз ҷумла: масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои ба монанди металлургия, мошинсозӣ, энергетика, кимиё, радиоэлектроника, хӯрокворӣ саноати сабук ва таҷҳизоти ченкунӣ, кишоварзӣ, нақлиётро баррасӣ намуданд”, - таъкид доштааст дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.
Қайд карда шудааст, зимни мулоқот Манзура Рустамова изҳори умедворӣ кардааст, ки табодули иттилооти тиҷорӣ, ташкили чорабиниҳои намоишӣ барои тақвияти ҳамкориҳои тиҷории ду ҷониб такони зарурӣ мебахшанд.
Рабочие во время строительства, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2021
Тоҷикистон дар Русия ба “донор"-и асосии муҳоҷирони меҳнатӣ табдил ёфтааст
Зикр шудааст, ки ҷонибҳо инчунин аҳамияти тавсеаи фаъолияти Шӯрои таъсисёфтаи соҳибкорони “Тоҷикистон-Россия” ва дар доираи он баргузор намудани видеоконфронсҳо ва миссияҳои тиҷорӣ, инчунин истифодаи қаламрави Тоҷикистонро барои рушди маркази савдо байни Тоҷикистон ва Афғонистон ва Русия муҳим арзёбӣ карданд.
“Тибқи стратегияи саноатии босуръати Тоҷикистон, ки яке аз вазифаҳои асосӣ он ин таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ оид ба коркарди ашёи хоми ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ба содирот ва ивазкунандаи воридот бо назардошти бозори давлати Афғонистон, мебошад. Аз ин рӯ, мо ба ҷалби таҷҳизот ва технологияҳои пешрафта, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ҳастанд, дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисод манфиатдорем. ”- гуфт Манзура Рустамова.
Бо истифода аз ин фурсат, Муовини раис доираҳои тиҷоратии Челябинскро барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии “Тоҷикистон 2021”, ки баргузории он моҳи октябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии “Душанбе Инвест-2021”, ба нақша гирифта шудааст, даъват намуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала