Дар ҳар бино як кинотеатр? – пешниҳоди “Тоҷикфилм” ба ҳукумат

© © Пресс-служба Посольства Таджикистана в РоссииПоказ таджикских фильмов в Третьяковской галерее
Показ таджикских фильмов в Третьяковской галерее - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2021
Обуна шудан
Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” як бастаи пешниҳодҳо ба хотири рушди синаморо ба ҳукумати Тоҷикистон ироа кардааст, ки яке аз онҳо ба вуҷуд овардани шабакаи бузурги кинотеатрҳо дар шаҳрҳо аст
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Маҳмадсаид Шоҳиён, директори “Тоҷикфилм”, зимни нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, ин қабил кинотеатрҳо метавонанд дар марокизи савдову фароғат ба вуҷуд оянд.
“Ин таҷриба дар Ӯзбекистон ба роҳ монда шуда, қарори ҳукумати он кишвар низ баромадааст. Бино ба он, дар ҳар як бинои баландошёна, ки сохта мешавад, шарт нест, ки барои 400 – 500 нафар, балки барои 20 то 50 нафар ҳам бошад, кинотеатр сохта мешавад. Мо ҳам инро пешниҳод кардем”, - гуфт ӯ.
Директори “Тоҷикфилм” гуфт, ин кинотеатрҳо метавонанд ҳам давлатӣ бошанд ва ҳам хусусӣ, аммо пешниҳоди ба вуҷуд овардани онҳо бояд бо меъморон ва соҳибкорон баррасӣ шавад, зеро ҳар соҳибкор пеш аз он, ки биноро созад, аввал манфиати худашро ба назар мегирад.
“Дар аксари кишварҳо яке аз самтҳои пешбурди кинотеатрҳо ҳамин буд. Пешниҳод карданд, имтиёзҳо доданд. Масалан, дар Ӯзбекистон барои шинонидани як экран 5 ҳазор доллар пардохт мекунанд. Бояд ҳам мардум ва ҳам соҳибкор манфиат бинанд. Агар ин гуна зарфиятҳо ба вуҷуд оянд, кино ҳам рушд мекунад. Агар як коргардон имрӯз маблағи филмашро баргардонад, метавонад ба таҳияи филми дигараш шуруъ кунад”, - гуфт Маҳмадсаид Шоҳиён.
Тибқи иттилои расмӣ, “Тоҷикфилм” ҳоло дар шаҳри Душанбе чаҳор кинотеатри бузург доранд, ки аз онҳо “Ватан”, “Зебуннисо” ва “Тоҳир Собиров” пурра омода буда, кинотеатри “Орлёнок” дар маҳаллаи Советский ҳоло аз таъмир набаромадааст.
Логотип Таджикфильм - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Дар посух ба КДАМ: 3 студия бо хулосаи “Тоҷикфилм” ҷазо гирифтанд
Директори “Тоҷикфилм” гуфт, ҳоло таъмири кинотеатрҳо низ таҷдиди назар мехоҳад ва бояд ба тақозои тамошобини имрӯз посухгӯ бошад.
“Бо он таъмири пешина намешавад тамошобинро ҷамъ кард. Ҷавонҳо намеоянд ба кинотеатр. Барои ҷавонҳои мо имрӯз дар кинотеатр агар роҳаткурсиву обу “семочка” нагузорӣ, намераванд. Равед, “Ашан” – ро бубинед. 50 сомонӣ аст билеташ. Мераванд, зеро шароит фароҳам шудааст”, - гуфт Маҳмадсаид Шоҳиён.
Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" соли 2017 дар пайи муттаҳид кардани киностудияи "Тоҷикфилм" ва корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои "Тоҷиккино" ба вуҷуд омада, сиёсати давлатиро дар соҳаи кино амалӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0