Нигаронии мақомоти Хатлон аз бармаҳал шавҳар додани духтарон ва таълимоти ғайрирасмии динӣ

Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2021
Муовини раиси вилояти Хатлон дар як ҷаласа аз бармаҳал шавҳар додани духтарон ва ҷой доштани таълимоти ғайрирасмии динӣ дар вилоят изҳори нигаронӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон ахиран ҷаласаи Комиссияи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ баргузор гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти ҷаласа масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ, бармаҳал шавҳардодани духтарон, монеъ шудан ба таҳсил, таълимоти ғайрирасмии динӣ, пешгирии ғарқшавии кӯдакону наврасон дар мавсими тобистон, таълиму тарбияи кӯдакон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамзамон дар ҷаласа раиси комиссия дастур дод, ки барои бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта дар ин самти фаъолият масъулини соҳаҳои дахлдор тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Таджикская свадьба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Афзоиши издивоҷу талоқ ва таваллуд дар Тоҷикистон
Ёдрас мешавем, ки ахиран Вазорати адлияи аз афзоиши талоқу издивоҷ хабар дод.
Тибқи иттилои Вазорати адлияи кишвар давоми шаш моҳи соли 2021 дар Тоҷикистон 32 ҳазору 489 ақди никоҳ сабт шудааст.
Ба иттилои манбаъ ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5 ҳазор адад бештар аст.
Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вазорат мегӯяд, дар баробари издивоҷи зиёд, азҳампошии оилаҳо низ зиёд шудааст.
Гуфта мешавад, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 6 476 ҷудошавии оилаҳои ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 990 адад зиёд мебошад.
Глава Комитета по религии, регулированию национальных традиций, торжеств и обрядов Сулаймон Давлатзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Тоҷикистон 4 ҳазор ҷавонеро, ки дар хориҷ таълими динӣ мегирифтанд, баргардонд
Ин ниҳод мегӯяд, дар шаш моҳи имсол дар кишвар 104 ҳазору 141 нафар кӯдак таваллуд шудааст, ки 3 596 нафар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Ин нишондиҳанда дар шашмоҳаи соли 2020 ба 101 ҳазору 141нафар баробар буд.
Ҳамзамон, ин ниҳод аз коҳиши шумораи фавтҳо дар давраи ҳисоботӣ гуфт - 17 271 ҳолат дар соли ҷорӣ ва 18 777 фавт дар моҳҳои январ-июли соли 2020.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала