Ҳодисаи нохуш: таркише дар кони Шӯроби Исфара куштаву захмӣ ба ҷой гузошт

© Министерство обороны РФ / Гузаштан ба хазинаи аксЗапуск новейшей ракеты "Авангард"
Запуск новейшей ракеты Авангард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2021
Дар пайи таркише дар кони ангишти Шӯроби шаҳри Исфара як нафар кушта ва чанд тани дигар захмӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 24 июл – Sputnik. Ин ҳодиса ҳаволии соати 17:00 - и 24 июл рух дода, мӯҷиби ҳалокати Абдуманнон Тошбоев, яке аз бригадирони шахта шудааст.
“Таркиш дар пайи хориҷшавии гази дохили шахта ба амал омадааст”, - гуфт манбаъи Sputnik Тоҷикистон
Бино ба иттилоъи манбаъ, ҳоло аз ҳисоби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Хадамоти сӯхторнишонӣ ва табибон як гуруҳи таҳқиқ барои омӯзиш ва бартараф кардани паёмадҳои таркиш дар маҳалли ҳодиса қарор дорад.
Cӯхтори нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Таркиш дар маҳаллаи Испечак: банд шудани ҳаракати роҳу сӯхтори бузург-акс
Кони Шӯроб дар шаҳри Исфара яке аз бузургтарин конҳои ангишт дар шимоли Тоҷикистон маҳсуб шуда, ангишти онро умдатан муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ ба ҳисоби аҳолӣ истифода мекунанд.
Масъулини кон гуфтанд, ки чунин ҳодисаи нохуш даҳсолаҳо ба ин сӯ иттифоқ наафтода буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала