Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Карзай аз 14 - соли бародарӣ бо Раҳмон гуфт ва аз таваҷҷӯҳи Президент истиқбол кард

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонМулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Ҳомид Карзай, собиқ раисиҷумҳури Афғонистон
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Ҳомид Карзай, собиқ раисиҷумҳури Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2021
Президенти собиқи Афғонистон мегӯяд, бо кишвардори Тоҷикистон муносибати бисёр хуб ва бародарона дорад
ДУШАНБЕ, 24 июл – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран зимни суханронии худ назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ изҳор дошт, ки дар ҷанги 43 - соли Афғонистон мардуми ин сарзамин гуноҳе надоранд.
Роҳбари давлат аз ҷумла қайд карда буд, ки "ин равандҳои харобиовар натиҷаи дахолати берунӣ ба корҳои дохилии ин кишвари ҳамсоя аст, ки беш аз чил сол инҷониб идома дорад.
Зимнан, пас аз изҳороти Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои собиқи афғони ӯ Ҳомид Карзай дар сафҳаи Фейсбукии худ дар бораи муносибатҳои бародаронаи худ бо Эмомалӣ Раҳмон навишт.
Собиқ Президент таваҷҷӯҳи Эмомалӣ Раҳмонро ба вазъи мавҷудаи Афғонистон истиқбол кард. Ӯ аз ҷумла гуфт, дар 14 - соли фаъолияти худ бо Тоҷикистон бахусус бо раисиҷумҳури Тоҷикистон муносибати хуб ва бародарона доштааст.
"Тоҷикистон пайваста сулҳу суботи пойдори Афғонистонро мехост ва ин далел бори дигар дар суханронии ахири Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон инъикос ёфт", - навиштааст Карзай.
Собиқ кишвардор изҳори умедворӣ намуд, ки дар натиҷаи ҳамкории ҳамаҷонибаи ду кишвар дар Афғонистон ҳар чӣ зудтар сулҳи умумӣ ва пойдор барқарор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки вазъият дар Афғонистон феълан ниҳоят печида аст. Толибон* иддао доранд, ки ҳудуди 90 дарсади ин кишварро ба тобеияти худ даровардаанд, вале ҳукумати Кобул мегӯяд, ин иддаои Толибон* асос надорад ва онҳо танҳо қисмати ками ин кишварро забт кардаанду халос.
Ҳамлаи Толибон пас аз он қавитар гардид, ки Амрико ва НАТО ба хуруҷи низомиёни худ аз Афғонистон шурӯъ карданд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, мушкили Афғонистон бо роҳи низомӣ ҳал намешавад
Рӯзи 23 июл дар ноҳияи Спин-Болдаки Қандаҳор беш аз 100 нафар сокинони осоишта ба таври ваҳшиёна кушта шуданд.
Мақомоти Афғонистон ин амали даҳшатборро кори дасти Толибон* медонад, вале онҳо масъулияти қатли беш аз 100 сокини маҳаллиро ба зима намегиранд.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала