Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

КДАМ -и Тоҷикистон тирпарронии марзро шарҳ дод

© AP / Sebastian ScheinerИзраильские пехотные солдаты входят в сектор Газа из Израиля с боевым заданием, архивное фото
Израильские пехотные солдаты входят в сектор Газа из Израиля с боевым заданием, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2021
Хадамоти Қирғизистон иддао дошт, ки тамиз кардани мавзеи "Қуммазор" бидуни мувофиқа бо онҳо сурат гирифт, аммо КДАМ Тоҷикистон мегӯяд, раисони Чоркӯҳ ва Оқсой пешакӣ мувофиқа карда буданд
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Ахиран Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳодисаи тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро шарҳ дод.
Бар хабари котиботи КДАМ, рӯзи 24 июл, бо мувофиқаи раисони ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара ва Оқсойи ноҳияи Бодканд, сокинони шаҳри Исфара ба тоза намудани мавзеи "Қумммазор" - и ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ шурӯъ намуданд.
Зимнан, соати 9:30 беш аз 20 нафар сокинони деҳаи Коктоши ҷамоати Оқсойи ноҳияи Бодканди Қирғизистон ба мавзеи наздисарҳадии "Қуммазор" омада, бо шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаи лафзӣ намуданд.
Сотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Тафсилоти нави тирпарронӣ дар марз: муноқишаро кадом ҷониб сар кард?
Манбаъ меафзояд, шаҳрвандони Қирғизистон нахуст тарафи сокинони Чоркӯҳ санг андохтанд.
Дар ҳамин ҳол, ба ҷойи ҳодиса сарҳадбонони ҳар ду ҷониб ҳозир шуданд
" Сарҳадбонони Қирғизистон бар хилофи талаботи муқаррароти банди 4-уми Меморандум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ байни КДАМ ҶТ ва КДАМ ҶҚ (ш.Тошканд, 07.11.2019), Протоколи мулоқоти кории Фармондеҳони ҚС ҶТ ва ҶҚ аз 20.06.2007 ва дигар созишномаҳои баимзорасида амали ғайриқонунии сокинони деҳаи Коктошро дастгирӣ намуда, бе ягон асос нисбат ба шаҳрвандон ва сарҳадбонони Тоҷикистон аз силоҳи оташфишон истифода карданд", - таъкид мешавад дар хабари КДАМ Тоҷикистон.
Пас аз ин ҳодиса, марзбонони тоҷик ба амали ғайриқонунии сарҳадбонони қирғиз ҷавобан тир кушоданд.
КДАМ Тоҷикистон меӯяд, масъалаи зикргардида мавриди баррасӣ ва таҳқиқи намояндагони расмии мақомоти дахлдори тарафҳо қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала