Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Нашри нахустин наворҳо аз макони тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

© © Фото / пресс-служба ГПС КРСмотровая вышка на кыргызско-таджикском участке границы. Архивное фото
Смотровая вышка на кыргызско-таджикском участке границы. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2021
Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 24 июлиттифоқ афтод ва бар тибқи охирин хабарҳо дар ин ҳодиса як марзбони тоҷик захмӣ шуд
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Ба шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳо аз макони тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон роҳ ёфтанд.
Агар лаҳзаи оташкушоӣ миёни марзбонони тоҷику қирғиз нашр нашудааст, вале макони "Қуммазор" ва ҷамъомадани анбӯҳи одамон дар наворҳо нишон дода шудааст.
Дар навори нахуст "Қуммазор" сабт шудааст ва ин ҷо чанд тан аз сокинони Чоркӯҳ барои баҳра гирифтан аз қуми тафсон омадаанд, аммо сарҳадбонони қирғиз барои ин кор монеагӣ намуданд, ки дар натиҷа миёни онҳо нахуст баҳс, сипас сангпартоӣ ва билохира тирпарронӣ сурат гирифт.
Дар навори баъди корбари тоҷик, як мавзеъро ба навор гирифтааст, ки эҳтимол замини Тоҷикистон аст ва ӯ дар зери навор навиштааст, ки ин ҷо мардумони зиёд ҷамъ омадаанд ва сипас дастгоҳи наворбардорияшро ба самти дигар гузаронда мегӯяд, ки он ҷо қирғизҳо гашту гузор доранд.
Дар навори дигар, гурӯҳи мардҳо наворбардорӣ шудаанд, ки миёни онҳо низомипӯшон низ қарор доранд. Ба эҳтимоли зиёд онҳо марзбонон ҳастанд. Аз навор чунин бармеояд, ки онҳо гирдогирди як ҷӯйбор ҷамъ омадаанд ва шояд мардум ва марзбонони қирғизро мушоҳида мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи рӯзи 24 июл дар марз миёни ҷамоати Чоркӯҳ ва ноҳияи Бодканди Қирғизистон тирпарронӣ рух дод.
Тирпарронӣ дар мавзеи маъруф ба "Қуммизор" сурат гирифт, ки дар натиҷа як марзбони тоҷик бо номи Шӯҳрат Қурбонов захмӣ шуд.
Феълан сарбози маҷрӯҳ дар бемористон қарор дорад ва пизишкон вазъи ӯро муътадил арзёбӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала