Парвандаи нави Алмосбек Отамбоев: собиқ Президент боз барои кадом ҷиноят муттаҳам мешавад

© REUTERS / Vladimir PirogovБывший президент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев
Бывший президент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2021
Собиқ Президенти Қирғизистонро барои даст доштан дар раҳоии Батукаев аз зиндон ва чанд ҷинояти дигар ба 11 соли зиндон маҳкум намуданд
ДУШАНБЕ, 24 июл – Sputnik. Ҳоло собиқ кишвардори Қирғизистон, Алмосбек Отамбоев барои содир кардани як ҷинояти дигар муттаҳам дониста мешавад.
Отамбоевро дастандаркори ноамниҳои ахир дар майдони Ала-Тоо дар моҳи октябри соли 2020 меҳисобанд. Дар ин бора вакили ӯ Замир Жоошев хабар дода изҳор доштааст, ки аз парвандаи нав онҳоро ду ҳафта қабл хабардор намуданд.
Жоошев шарҳ додааст, ки собиқ раисиҷумҳур гӯё бо Омурбек Бабанов, Фарид Ниёзов, Темирлан Султанбеков ва дигар сиёсатмадорон забон як карда, назди бинои "Медиафорум" мардуми зиёдро ҷамъ оварда, аз он ҷо бо ҳадафи ба даст овардани ҳокимият ба майдони марказӣ равона шуданд.

"Отамбоев мардумро бештар ба шур андохт, ки дар натиҷа задухӯрдҳои оммавӣ бо истифода аз силоҳи оташфишон, сангу дигар ашё сурат гирифта буд", - омадааст дар матни огоҳинома.

Аммо вакили Отамбоев мегӯяд, замоне, ки онҳо дар майдони марказӣ қарор доштанд, он ҷо гурӯҳи одамоне омаданд, ки ба мардум бо сангу силоҳ ҳамла намуданд. Дар натиҷа ҷонибдорони Отамбоев майдонро тарк карданд.
Бывший президент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2021
Отамбоев мариз аст: ин дафъа низ мурофиаи ӯ ба таъхир афтод
Ӯ илова кард, ки пас аз ин ҳодиса Омурбек Текебаев ва Омурбек Бабанов изҳор доштаанд, ки ин гурӯҳ одамони собиқ президент Сооронбой Жээнбеков буданд.
Ёдовар мешавем, ки Алмосбек Отамбоев феълан дар колонияи рақами 47 адои ҷазои ҷиноӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала