Ронандаи 32 - сола, ки машғули таъмири мошинаш буд, автомашинаи дигар ӯро зер кард

© REUTERS / Rula RouhanaПерчатки владеюще гаражом по ремонту автомобилей Huda al-Matrooshi в ОАЭ
Перчатки владеюще гаражом по ремонту автомобилей Huda al-Matrooshi в ОАЭ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2021
Ҳодисаи нохуш нимашаби 23 июл дар ҳоле рух дод, ки ронанда автомашинаи худро дар канори роҳ таъмир мекард
ДУШАНБЕ, 24 июл – Sputnik. Дар роҳи мошингарди "Душанбе-Бӯстон-Чанноқ" ҳодисаи нохуши нақлиётӣ рух дод.
Ба хабари дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодиса соати 02:20 дақиқаи 23 июл дар ҳудуди деҳаи Ғулакандози ноҳияи Ҷабборо Расулов иттифоқ афтодааст.
Гуфта мешавад, ронандаи 43 - солаи автомашинаи "Мерседес Бенс-Спринтер", сокини ноҳияи Деваштиҷ ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Бӯстон-Чанноқ" дар километри 276 аз ӯҳдаи идора кардани мошин набаромад.
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Дар роҳи Ёвон-Душанбе мошин чаппа шуд: ронанда фавтиду се мусофир бистарӣ шуданд
Дар натиҷа, ӯ ба ақиби автомашинаи боркаши тамғаи "Мерседес Бенс - Атеко" бархӯрд.
Ин худравро ронандаи 32 - сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар канори роҳ гузошта, ба таъмираш машғул буд.
Манбаъ меафзояд, аз бархӯрди мошинҳо ронандаи 32 - сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Ронандаи дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, ба бемористон интиқол дода шуд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала