Самимона табрик кард: занги телефонии Раҳмон ба Мирзиёев

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиеев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2021
Имрӯз миёни Президенти Тоҷикистону Ӯзбекистон суҳбати телефонӣ сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 24 июл – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури имрӯз миёни Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ сурат гирифт.
Ба иттилои манбаъ, дар оғози суҳбат Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон бори дигар дар иртибот ба даргузашти хоҳари Эмомалӣ Раҳмон изҳори тасаллӣ кард.
Ҳамзамон зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Ӯзбекистонро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик гуфтанд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон фаъолияти пурсамари Шавкат Мирзиёевро дар маснади Президенти Ӯзбекистон, ки ба ӯ эҳтироми бузург ва эътибори баланд овард, таъкид кард.
Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон дар роҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва шукуфоӣ таҳти роҳбарии Шавкат Мирзиёев дастовардҳои беназир орзу намуданд.
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев прибыл с официальным визитом в Республику Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Нахустин шуда Мирзиёев ба Раҳмон даргузашти хоҳарашро тасаллӣ гуфт
Раисҷумҳури Тоҷикистон кӯшишҳои доимии Президенти Ӯзбекистонро оид ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии байни кишварҳоямон баланд арзёбӣ намуда, аҳамияти бузурги натиҷаҳои сафари расмии чанде пеши ӯро ба Тоҷикистон, ки ба ҳамкории гуногунсоҳаи тарафҳо ба нафъи халқҳоямон такони нав бахшиданд, тазаккур дод.
Дар ҷараёни суҳбат ду президент оид ба як зумра масъалаҳои байналмилалӣ ва рӯзмарраи минтақавӣ мубодилаи афкор карданд.
Аз ҷумла ҷараёни рушди ташвишовари вазъ дар Афғонистони ҳамсоя дар маркази таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала